Пешнигарии дастовардҳои Тоҷикистон дар муддати раёсаташ бар ИДМ

© © РИА НовостиГенеральный директор Делового центра экономического развития СНГ Владимир Савченко, архивное фото
Генеральный директор Делового центра экономического развития СНГ Владимир Савченко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудири Бунгоҳи рушди иқтисодии Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд Владимир Савченко натоиҷеро бар шумурд, ки Тоҷикистон мехоҳад дар замони раёсаташ бар Иттиҳодия ба даст оварад

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik, Тоҷикистон дар соли раёсаташ бар Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд ҳадафҳои бузургеро дар пеш дорад. Мубориза бо теруризм, масоили муҳоҷират, бахши иқтисодӣ ва мушкилоти бумшинохтӣ аз он ҳадафҳо ҳастанд.

Мудири Бунгоҳи рушди иқтисодии Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд Владимир Савченко дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон пешнигарӣ кард, ки ин кишвар дар замони раёсаташ чӣ дастовардҳое хоҳад дошт. Вай ҳамчунин аз тарҳҳои ин бунгоҳ дар Тоҷикистон гуфт.

-Владимир Сергеевич, хоҳишмандем дар бораи Бунгоҳи рушди иқтисодии ИДМ бароямон тавзеҳе бидиҳед.

— Бунгоҳи рушди иқтисодии ИДМ бо тасмими Шурои сарони кишварҳои ҳамсуд барои пешбурди бозори озод ва корбурди сомонаҳои иртибототии ҷаҳонӣ дар умуру фаъолияти бозаргонӣ бунёд шуда буд.

Международная конференция Центральная Азия – главный приоритет внешней политики Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Чаро гуфтугӯҳо аз иттиҳоди Осиёи Марказӣ афсонае беш нестанд

Ин сохтор шароити мусоидро барои баргузории муомилот миёни бунгоҳҳои иқтисодии кишварҳои ҳамсуд фароҳам меоварад ва ҳамчунин тарҳҳои гуногуни иқтисодӣ ва тиҷорӣ тарроҳӣ ва пешниҳод мекунад.

Мо дар тайфе густарда аз самтҳо фаъолият мекунем, ки роҳнамоии тиҷориву иқтисодӣ, мушовира дар заминаҳои сармоягузорӣ, молиётпардозӣ, қонунгузории гумрукӣ ва бозорҳои молӣ аз он ҷумла ҳастанд. Ин Бунгоҳ ба корофаринону коркушоён аз кишваҳои ҳамсуд ёрӣ мерасонад, ки бо ниҳодҳои кишвардорӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ иртибот барқарор кунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба тамоюли бозаргонҳои кишварҳои ҳамсуд ба бозорҳои ҷаҳонӣ, мо кумакашон мекунем, ки тарҳҳои худро дар Африко, Осиё ва ҳатто Амрикои Ҷанубӣ иҷро кунанд.

Ин Бунгоҳ дар Арманистон, Белорус, Молдова, Укроин ва Исроил ҳам шуъбаҳое ташкил кардааст.

Мо ҳамчунин ба бозаргонҳо дар таҳияи санаду мадракҳои тиҷорӣ ва пуштибонӣ аз муомилот кумак мерасонем. Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои ин Бунгоҳ пешбурди тарҳҳои навоварона дар кишварҳои ҳамсуд аст. Ин ҳадаф дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии пештозони тиҷории кишварҳои ҳамсуд пайгирӣ мешавад, ки мо онро ҳар сол баргузор мекунем. Ин ҳамоиш имсол дар Маскав дар ду марҳила баргузор хоҳад шуд.

Человек пишет в блокноте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Талоши Русия барои нигоҳдошти забони рӯсӣ дар кишварҳои ИДМ

Мо ҳамчунин ҷоизаи "Пештози бизнеси ИДМ"-ро ташкил кардаем, ки ҳар сола ба ширкату корхонаҳо ва соҳибкороне аз кишваҳои ҳамсуд тақдим мекунем, ки бештарин саҳмро дар пешбурди равандҳои ҳамгароб дар паҳнои ИДМ гузошта бошанд.

-Ин Бунгоҳ дар соли 2017 чӣ дастовардҳои муҳиме дошт?

— Ҳамин корҳои ҳаррӯзаамон – музокирот, бастани қарордодҳо, ҳамоҳангсозии замонбандиҳо, маъмуриятҳо – ҳама аз дастовардҳоямон ҳастанд. Шояд барои бисёре ин корҳо назарногир бошанд, вале бо гузашти замон камият табдил ба кайфият мешавад – ин ё он тарҳ иҷро мешавад ва ё душвортарин масъалаҳо ҳалл мешаванд.

Яке аз дастовардҳои мо ҳамон Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ аст, ки ҳар сол дар Маскав дар баргузор мешавад ва густараи иртибототеро ба намоиш мегузорад, ки дар паи корҳои ҳаррӯзаи ин Бунгоҳ падид омадаанд. Дар соли 2017 ин ҳамоиш бо шиори "Кишварҳои ҳамсуд – нигоҳ ба оянда" баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш беш аз ҳазор кас ширкат карда буд. Дар он миён намояндагон аз ҳама 11 кишвари ҳамсуд, аз ҷумла Тоҷикистон, вазирҳои умури иқтисоду бозаргонӣ ва корофаринону коркушоён аз 17 кишвари дигар буданд. Ин ҳамоиш ҳамзамон бо нишасти Шурои иқтисодии Иттиҳодияи давлатҳои мустақил (кишварҳои ҳамсуд) баргузор шуда буд.

Дар он ҳамоиш гуфтугӯи воқеъӣ миёни давлат ва бозаргонҳо баргузор шуд. Дар он баҳсу мунозираҳои созандае дар бораи интихоби беҳтарин равишҳои ҳамкории судманд бар по шуда буд. Ҳамчунин дар канори ин ҳамоиш бурси иртибототӣ-ҳамкорӣ ва намоишгоҳи тарҳҳои ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш – "Намоиши тавонмандиҳо" баргузор шуда буд.

Дар ин ҳамоиш муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов, ҳамтои қазоқаш Аскар Мамин, муовини нахуствазири Қирғизистон Олег Панкратов, раиси ҳайъати Кумисюни иқтисодии Уросиё Тигрон Саркиян ва сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов суханронӣ карда буданд.

Дар як сухан, муҳимтарин рухдод барои мо дар соли 2017 ҳамин ҳамоиши байналмилалӣ буд, ки боз ҳам эътибори баланди онро чун ҳамоишгоҳи баррасии масоили калидии кишварҳои ҳамсуд дар чорчӯби иқтисоди минтақа ва ҷаҳон таъйид кард.

-Ин бунгоҳ чи тарҳҳоеро дар Тоҷикистон иҷро мекунад?

Выступление президента Таджикистана Эмомали Рахмона на неформальном саммите глав СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ - авлавияти ҶТ дар ИДМ

— Мо ҳамакнун дар Тоҷикистон танҳо бо панҷ ширкат ҳамкорӣ дорем. Вале умедворем ва кӯшиш дорем, ки ҳузурамонро дар Тоҷикистон густариш бидиҳем. Тавон барои густариш дорем. Ман дурнамои хуберо барои пешбурди хариду фурӯши пахта, мева ва тарабору дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои кишваҳои ҳамсуд мебинам.

Потенсиали ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаи таробарӣ ҳам пурра ба кор гирифта нашудааст. Мехоҳам махсусан таъкид кунам, ки мо пеш аз ҳама ба намояндагони соҳибкории хурд ва миёна кумак мерасонем, ки бар хилофи ширкатҳои бузург, тавони молии кофӣ надоранд.

Ҳамчунин бозаргонии хориҷӣ низ дурнамои хубе дорад. Ин кишвар тавониста буд дар кӯтоҳтарин замон пайомадҳои ҷанги дохилӣ, буҳрони сиёсӣ ва иқтисодиро аз миён бардорад. Омор нишон медиҳад, ки дар 17 сол даромади шаҳрвандони Тоҷикистон камобеш 30 баробар бештар шуда, пасандозҳо низ 90 баробар афзоиш ва мизони бенавоӣ аз 83 дарсад ба 30 дарсад коҳиш ёфта аст. Дар паи интихоби роҳбурди дурусти миллӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои ахир 7,7 дарсад рушд кардааст.

Дар ин муддат бо сармояи худӣ ва хориҷӣ дар кишвар садҳо кохонаи хурду бузург сохта шуда ва садҳо ҳазор кас кор пайдо кардаанд. Чунончи, агар дар соли 1991 дар Тоҷикистон 358 корхонаи санъатӣ кор мекард, имрӯз шумори онҳо бештар аз 2 ҳазор шудааст.

Дар вилоятҳо низ чандин нерӯгоҳи хурд ва миёна, роҳҳо, пулҳо, тунелҳо, мактабҳо, кӯдакистонҳо, бемористонҳо сохта шудаанд. Зимнан, давлати Тоҷикистон ба тарбияи коршиносони пешакор бисёр таваҷҷуҳ мекунад.

Ҳамгароӣ дар ин замина нақши муҳиме иҷро мекунад. Чунончи, Вазорати маорифу илми Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Россотрудничество (Созмони федеролии Русия дар умури кишварҳои ҳамсуд, ҳаммеҳанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои банйналмилалии башарӣ) дар соли хониши 2016 – 2017 беш аз 3 ҳазор донишҷӯро аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия фиристода буданд, ки беш аз 2 ҳазор касашон бо саҳмия ва беш аз ҳазор касашон қарордодӣ таҳсил мекунанд.

Президент России Владимир Путин и глава Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дидори ғайрирасмӣ: Раҳмон вазифаҳои ИДМ-ро дар соли 2018 муайян кард

— Хоҳишмандам аз муваффақомезтарин тавофуқҳо бо кишварҳои ҳамсуд бигӯед.

— Муҳимтарин санад аз дидгоҳи кори мо, ба назари ман, тавофуқномаи тартиби ҳалли ихтилофот дар раванди фаъолияти иқтисодӣ, тавофуқномаҳои ба расмият шинохтани ҳуқуқи тарафайн, шароити умумӣ ва созукори пуштибонӣ аз рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳастанд.

Яке аз санадҳое, ки равандҳои ҳамгароӣ дар миёни кишварҳои ҳамсудро ҳамоҳанг мекунад, Тавофуқномаи тиҷорати озод аст, ки 18 октябри соли 2011 имзо шудааст. Ин санадро Тоҷикистон низ имзо кардааст. Ҷолиб аст, ки ин кишвар дар хариду фурӯш бо дигар кишварҳои ҳамсуд аворизи гумрукӣ аз колоҳои воридотӣ ва содиротӣ намегирад.

-Тоҷикистон имсол бар Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд раёсат мекунад. Ба назари Шумо, чи натоиҷеро метавон дар поёни сол интизор дошт? Оё ҳама ҳадафҳо дастёфтанӣ хоҳанд шуд?

— Раёсати Тоҷикистон бар Иттиҳодия бархоста аз усули тадовуму истимрор, бар асоси ҳуқуқи баробар ва эҳтироми манофеъи якдигар ба манзури рушди устувор аст. Тоҷикистон дар муддати раёсаташ бар ташдиди мубориза бо теруризм, қочоқи маводи мухаддир, табаҳкориҳои иқтисодӣ, пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва одамфурӯшӣ тамаркуз хоҳад кард.

Яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои кишварҳои ҳамсуд таробарӣ ё нақлиёту ҳамлу нақл аст. Аз ин рӯ, дар назар аст, ки то соли 2020 таробариҳои борӣ бо худрав ва қаторҳоро густариш хоҳанд дод.

Аз муҳимтарин вазоиф дар ин Иттиҳодия густариши ҳамкорӣ дар заминаи кору муҳоҷират аст. Дар ин замина низоми муассири танзими равандҳои муҳоҷиратиро омода мекунанд, ки додугирифти иттилоъот аз вазъи бозорҳои кори ҳар кишвар, Системи муштараки номнивишти шаҳрвандони дигар кишварҳо ва абекишваронеро, ки вориди ИДМ мешаванд, дар назар дорад.

Аждар Куртов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Афғонистон ва ислоҳоти ИДМ мавзуъҳои аслии нишасти Маскав хоҳанд буд

Дар заминаи бумшинохтӣ низ санадҳое таҳия мешаванд, ки беҳбуди муҳити зист, огаҳирасонӣ аз балоҳои табиӣ ва пешгирӣ аз тасодуфҳои санъатӣ дар назар дорад. Фикр мекунем, аҳдофе, ки Тоҷикистон дар ин замина дар замони раёсаташ бар Иттиҳодия дар назар гирифтааст, комилан дастёфтанӣ ҳастанд.

Бунгоҳи рушди иқтисодии Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд низ саҳми худро дар дастёбӣ ба ҳадафҳо хоҳад гузошт.

-Бунгоҳ барои имсол чи барномаҳое дар назар гирифта ва кадом ҳадафҳоро омоҷ гирифтааст?

— Мо имсол низ фаъолиятамонро барои ҳамдаст кардани кӯшишу талошҳои намояндагони бахши тавлидии иқтисод ба суди ҳамкориҳои ҳамгароёна идома хоҳем дод.

Ёдоварӣ мекунам, ки бештарин таваҷҷуҳамонро ба намояндагони соҳибкории хурду миёна дорем, зеро онҳо бештар ниёз ба пуштибонии ҳуқуқӣ, равишшинохтӣ ва иқтисодиву дигар доранд. Мо чунин кумакҳоеро ба онҳо дар гузашта ҳам мерасондем ва дар оянда ҳам хоҳем расонд.

Мо имсол ду барномаи бузург барои намояндагони бахши тавлидии кишварҳои ҳамсуд дар назар гирифтаем. Яке аз онҳо ҳамоиши кишваҳои узви ИДМ аст, ки бо шиори "ИДМ: хубиҳоро нигаҳ дорем ва бар беҳтаринҳо бияфзоем" баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин дар назар дорем, ки дар моҳи сентябр ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ "ИДМ: иқтисоди рақамӣ чун заминаи ҳамгароӣ" баргузор хоҳад шуд.

Бовармандам, ки дар чорчӯби ин барномаҳо на танҳо бисёре аз тарҳҳои навоварона баррасӣ хоҳанд шуд, балки иртибототи тозае миёни ширкату бунгоҳҳои иқтисодии кишварҳои ҳамсуд аз як сӯ ва бо созмону ширкатҳои урупоӣ, осиёӣ ва африкоӣ аз дигар сӯ падид хоҳанд омад. Афзун бар ин, мутмаинам, ки ин барномаҳо такони наве ба гуфтугӯи созандаву амалӣ миёни давлат ва кунишгарони иқтисодиву бозаргонӣ хоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0