Талоши Русия барои нигоҳдошти забони рӯсӣ дар кишварҳои ИДМ

© PixabayЧеловек пишет в блокноте, архивное фото
Человек пишет в блокноте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Академияи илмҳои Русия даъват карда, ки дар баробари фиристодани китобҳои дарсӣ ба донишҷӯёни кишварҳои ИДМ ҳамчунин ҳарчӣ бештар олимонро барои сафари корӣ ба донишгоҳҳои ин кишварҳо бифиристанд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Русия солҳои охир алоқаи илмиро бо кишварҳои хориҷи наздик аз даст медиҳад. Ин равандро бояд шикаст, гуфт президенти Академияи илмҳои Русия Александ Сергеев.

"Кишварҳои хориҷи наздик дар сиёсати илмии мо бисёр муҳиманд, мутаассифона, солҳои охир мо таъсирамонро дар ин кишварҳо аз даст медиҳем….Ҳамкорон, мефаҳмед, мардуми аксари ин кишварҳо ҳоло забони русиро фаромӯш накардаанд. Мо бояд чунин рафтор кунем, ки таваҷҷӯҳи донишҷӯёни ИДМ-ро ба бахшҳои аспирантура ва доктарантураамон бештар кунем. Забони русӣ- кори бузург аст, таъсири забонро бояд дар ин ҷумрҳуриҳо нигоҳ дошт", — гуфт ӯ.

Раҳбари Академияи илмҳои Русия даъват карда, ки дар баробари фиристодани китобҳои дарсӣ ба донишҷӯёни кишварҳои ИДМ ҳамчунин ҳарчӣ бештар олимонро барои сафари корӣ ба донишгоҳҳои ин кишварҳо бояб фиристод.

Самти дигари ҳамкориро бо кишварҳои ИДМ Сергеев дар роҳандозии тарҳҳои бузурги мебинад.

Лентаи хабарҳо
0