Дар Хуҷанд Намоишгоҳи "Суғд-2018" баргузор мешавад

© Sputnik / Стас Етвеш В Худжанде открылась международная экономическая выставка-ярмарка "Сугд-2017"
В Худжанде открылась международная экономическая выставка-ярмарка Сугд-2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол Намоишгоҳи бузурги "Суғд-2018" рӯзҳои 6 ва 7 июл дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар ин рӯзҳо ҳамчунин ҳамоишҳо ва дидорҳои судманди тоҷирону саромягзорони хориҷӣ баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи баргузории ин намоишгоҳ, дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир мебошад.

Ҳамин тавр рӯзҳои 6 ва 7 июли соли 2018 дар иншооти Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд V-умин Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2018" доир карда мешавад.

Намоишгоҳи тиҷории Суғд - 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Намоишгоҳи "Суғд-2017": 160 навъи зардолу ва аз ин ҳам бештар

Дар чорчӯби ин Намоишгоҳ, ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи "Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ" ва озмуни вилоятии "Маҳсулоти беҳтарин" низ дар назар аст.

Соли гузашта дар намоишгоҳи тиҷории дурӯзаи "Суғд-2018", беш аз дусад ширкату корхонаҳои санъатӣ ва бунгоҳҳои фароварии тавлидоти кишоварзӣ аз саросари Тоҷикистон, бонкҳо, ширкатҳои сохтусозӣ ва таробарӣ аз 10 кишвар тавлидоту хадатамоташонро пешкаши боздидкунандагон кардаанд. Ҳамчунин намояндаҳои 23 созмону ниҳоди байналмилалӣ низ аз ин намоишгоҳ боздид карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0