Дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи тиҷории "Суғд — 2017" баргузор шуд.
Дар ин намоишгоҳ беш аз 200 соҳибкорон аз кишварҳои гуногун аз қабили Русия, Белорус, Узбакистон ва дигар кишварҳо ширкат карданд.
Дар чорӯби ин намоишгоҳ куллан наздики 100 қарордоди ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳум имзо шуд. Бештар аз ҳама — 73 қарордоди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Узбакистон баста шуд.

Намоишгоҳи тиҷории "Суғд - 2017" имсол рӯзҳои 16-17 июн дар Хуҷанд баргузор шуд.

Ба боду ҳавои гарми шаҳри шимолии Тоҷикисттон нигоҳ накарда ба намоишгоҳ ҳам соҳибкорони хориҷӣ ва ҳам маҳаллӣ омаданд.

Дар маркази намоишгоҳ стенди маҳсулоти кишоварзони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар намоишгоҳ муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ширкат кард.

Атлас - чун рамзи матои миллии тоҷикон яке аз гӯшаҳои диққатҷалбкунандаи намоишгоҳ буд.

Устоҳои маҳаллӣ ҳунари кулолгарии худро дар шакли кӯзаҳо дар намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳ ҳама гуна маҳсулоти ниёзи мардумро пайдо кардан мумкин буд.

Устоҳои тоҷик ҳунарҳои худро ба меҳмонон муаррифӣ мекарданд ва дар бораи ҳар як ашё маълумоти пурра медоданд.

Кулолгар - Эргашбой Ғафуров дар худи намоишгоҳ кулолгарӣ мекард ва онҳоро дар пеши меҳмонон ранг медод.

Соҳибкорони русро махсусан меваҳои хушки Тоҷикистон дар тааҷҷуб мемонд.

Меваҳои хушку тар муаррифгари маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон буданд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни ниёзи мардум, маҳсулоти кимиёвӣ ва доруворӣ ба меҳмонон пешкаш шуд.

Ҳамаи меҳмонони хориҷӣ лухтакеро аз маҳсулоти худдӯхти Хурсандой Абдураҳмонова чун хотирае аз Тоҷикистон бо худ бурданд.