Эмомалӣ Раҳмон: терористҳои сидқан тавбакардаро мебахшем

© Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад, гуфт раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон тайёр аст, ҷавононеро ки ихтиёран аз амалҳои террористӣ даст кашидаанд, бахшад.

"Бо мақсади пешгирӣ аз ширкати шаҳрвандони кишвар ва шахсони бешаҳрванд ба ҳайати воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи алоҳида ворид гардида, дар эзоҳи он пешбинӣ карда шуд, ки шахсе, ки ихтиёран аз иштироки ғайриқонунӣ дар амалҳои зикршуда даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад", — гуфт раисҷумҳур ҳини суханронӣ дар назди кормандони мақомоти прокуратура.

Афганские талибы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: дар Афғонистон беш аз 20 гурӯҳи теруристӣ ҳаросафканӣ мекунанд

Ба гуфтаи Раҳмон, мақсади муқаррароти зикршуда аз он иборат аст, ки шаҳрвандони гумроҳшудаи кишвар аз иштирок дар амалиёти мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ даст кашида, ба Ватани худ ва назди пайвандонашон баргарданд, фарзандони хешро ятим накунанд, ба заҳмати созанда машғул шаванд ва миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон бадном насозанд.

Кишвардор Додситонии кул, Додгоҳи Олӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти дахлдорро вазифадор кард, ки бо мақсади фаҳмондадиҳии мазмуну моҳияти муқаррароти зикршудаи Кодекси ҷиноятӣ тадбирҳои заруриро амалӣ созанд.

"Таъкид менамоям, ки ба анҷом расидани задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди Ироқ ва Сурия маънии пурра барҳам хӯрдани ташкилоти террористии ба ном "Давлати исломӣ" ва дигар созмонҳои террористиро надорад ва набояд боиси хотирҷамъиву ғафлати сохтору мақомоти дахлдор гардад",- афзуд вай.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ 17 созмону ҳаракат ва гурӯҳу равияҳо бо қарори суд экстремистиву террористӣ эътироф гардида, аввалин Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Дар назди Прокуратураи генералӣ ситод доир ба масъалаи пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ таъсис дода шуда, якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти аксари шаҳрвандони ба созмонҳои террористӣ шомилшуда муайян гардидааст ва нисбат ба шахсони гунаҳгор чораҳои қонунӣ андешида шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0