Интерпол аз ҷустуҷӯи боз як узви ҲНИТ даст кашид

© REUTERS \ Edgar SuИнтерпол, архивное фото
Интерпол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қамриддин Афзалӣ пас аз мамнӯъ шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон кишварро тарк карда буд. Дар соли 2016 ӯро дар Стамбул бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо Туркия истирдоди вайро рад кард

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории ТоҷикТА полуси байналмилалии Интерпол аз рӯйхаташ номи як узви дигари ҳизби дар Тоҷикистони мамнӯи наҳзати исломиро хат зад.

Бино бар иттилои манбаъ, Интерпол Қамриддин Афзалӣ (Холов) — собиқ раиси ҲНИТ дар вилояти Хатлонро дигар ҷустуҷӯ намекунад.

Саймумин Ятимов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ятимов: Назарзода ва Кабирӣ бозичаи дасти абарқудратҳоянд

Аз Афзалӣ дигар иттиҳоми даста доштан ба фаъолияти сиёсие, ки мухолиф ба сиёсати Тоҷикистон бошад, бардошта шудааст.

Пештар Интерпол аз пайгарди раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аст кашида буд.

Камариддин Афзалӣ дар соли 2015 пас аз мамнӯъ шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон ба хориҷ рафта будааст. Дар соли 2016 ӯро дар Стамбул бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо Туркия истирдоди вайро рад кард ва пас аз 2 моҳи боздошт  озод кард.

Лентаи хабарҳо
0