Аз шароб то трактор: намоишгоҳи колоҳои Узбакистон дар Душанбе (НАВОР)

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев шахсан дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ ширкат карда буданд

Зиёда аз 100 ширкати Узбакистон дар намоишгоҳ молу маҳсулоташонро пешниҳод кардаанд.

Аз ҷумла 60 намуди техника, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти соҳаи барқу энергетика, поруҳои минералӣ ва кимёӣ, доруворӣ, хӯрокворӣ ва ғайраҳо ба фурӯш бароварда шудаанд.
Намоишгоҳ дар варзишгоҳи "Манеж"-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 9-10 март аввалин сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар рафти он 27 созишнома ба имзо расид.

Лентаи хабарҳо
0