Яку дуву сею чор: мансабдорони тоҷик иҷборан ба варзиш машғул мешаванд

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаДевушки Таджикистана
Девушки Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Машқҳои пагоҳии тарбияи бадан ҳар рӯзи шанбе ва то охири сол дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон гузаронида мешавад, иттилоъ дод раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши кишвар Аҳтам Абдуллозода

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Кормандони тамоми ниҳодҳои давлатӣ, муассиса ва созмонҳоро вазифадор кардаанд, ки ҳар пагоҳии рӯзи шанбе ба тарбияи бадан машғул шаванд, гуфт ба хабарнигорон раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши кишвар Аҳтам Абдуллозода

"Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоеро тасдиқ кард, ки мувофиқи он ҳар рӯзи шанбе ва то охири сол дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон гузаронида мешавад", — шарҳ дод вай.

Аз рӯи гуфтаҳои ӯ, ташаббускори тарбияи бадани ҳар субҳи шанбе — дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур мебошад.

Аз моҳи январи соли гузашта тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба таррбияи бадан, кросс ва шино машғуланд. Ба тамрини варзиш онҳоро роҳбари вазорати умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода вазифадор кардааст, то ки эшон дар шакли хуби ҷисмонӣ бошанду, аз вазни зиёдатӣ халос шаванд.

Аввалин шуда барои тарбияи бадан тибқи ҷадвал рӯзи шанбеи гузашта кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар назди маҷмааи варзишии «Манеж»-и пойтахт ҷамъ шуданд.

Рӯзи шанбеи оянда соати 7.00-и субҳ ба тамрини бадан кормандони кумитаҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ, заминсозӣ ва геодезӣ, кор бо занон ва оила, ҳифзи муҳити зист ва донишҷӯёни Донишгоҳи педагогӣ мебароянд.

Лентаи хабарҳо
0