Ширкати "Роҳат Тур" бори аввал аст, ки дар Намоишгоҳи 25-уми байналмилалии гардишгарии сайёҳии Маскав, ки дар таърихи 13-15 марти соли 2018 баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.
Дар ин бора муовини мудири кулли ширкат Нагина Шерилиева изҳори назар дошт.
Вай гуфт, ки меҳмонон аз дидани ғурфаи ширкати ӯ таассуроти некеро бо худ мебаранд.
"Бисёре аз онҳо мехоҳанд ба Тоҷикистон биёянд. Имсол дар кишвар Соли густариши гардишгарӣ эълон шуда, кӯшишҳои зиёд дар ин самт ба харҷ дода шудааст", — гуфт Нигина Шералиева ба Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ қайд кард, ки ширкати "Роҳат Тур" дорои меҳмонхонаи чорситора, апартаментҳо, автобус ва ғайра мебошад.
Ширкат метавонад меҳмононро дар сатҳи ниҳоят олӣ пазирад, зикр намуд муовини мудири кулли ширкат Нагина Шерилиева.