Ҳанӯз иҷоза нест: Душанбе ва Тошканд бояд лағви раводидро тасдиқ кунанд

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкПограничный пост на границе Таджикистана. Архивное фото
Пограничный пост на границе Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе ҳангоми сафари давлатии раисҷумҳури Узбfкистон Шавкат Мирзиёев созишномаи “Дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон” ба имзо расид, вале то ҳол бидуни раводид марзбонон касеро намегузоранд, ик аз марз гузарад

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Низоми раводид байни Тоҷикистону Узбакистон бекор шуд, аммо созишнома ҳанӯз ба эътидол оварда нашудааст, хабар медиҳад оҷонсии ТоҷикТА.

"Пас аз имзои созишномаи байниҳукуматӣ "Дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон", ки дар рафти сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сурат гирифт, бисёре аз шаҳрвандони ду кишвар ба гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон шитофтанд, то бидуни раводид аз марз гузаранд".

Аммо бе раводид марзбонон касеро намегузоранд, ки марзро убур кунанд, —менависанд расонаҳои маҳаллӣ.

"Дар воқеъ созишномаи баимзорасида аз 9-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе равуои шаҳрвандони ду кишварро ба қаламрави якдигар бидуни раводид то ба мӯҳлати як моҳ пешбинӣ мекунад.мАммо созишнома ҳанӯз аз ҷониби парлумонҳои ду кишвар ба тасвиб нарасидааст. Танҳо пас аз мубодилаи тасдиқномаҳо созишнома эътибор пайдо хоҳад кард", — иттилоъ дод манбаи огоҳе аз ниҳодҳои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

На таджикско-узбекской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон минаҳояшро аз марз бо Тоҷикистон бар медорад

Тасдиқи созишнома ва мубодилаи ифтихорномаҳо дар муддати "як моҳ" сурат мегирад, гарчанде дар созишнома таъкид шудааст, ки ҷонибҳо дар муддати на камтар аз се моҳ ҳуҷҷатҳои заруриро омода хоҳанд кард.

Дар айни замон, манбаъ қайд намуд, ки имрӯз шаҳрвандони ду кишвар, ки дар ноҳияҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд бидуни раводид ба муддати то 5 шабонарӯз ба қаламрави ҳамдигар сафар кунанд.

Лентаи хабарҳо
0