ДУШАНБЕ, 11 мар- Sputnik. Дар доираи сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон маросими баимзорасонии бастаи калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Узбакистонро дар бар мегиранд, сурат гирифтааст.
Дар ҷараёни он байни шаҳрдории Душанбе ва Тошканд оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ созишнома ба имзо расид.
Ба гузориши равобити умумии шаҳрдории Душанбе, дар ҳузури роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Узбакистон ба созишнома раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ва ҳокими шаҳри Тошканд Раҳмонбек Усмонов имзо гузоштанд.
Пештар хабар дода шуд, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳамтои узбакаш ҷиҳати рушду равнақ додани ҳамкории судманди дуҷониба як қатор таклифҳо пешниҳод кардааст.
Аз ҷумла, мубодилаи иттилооти фаврӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи Академияҳои вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду давлат, омӯзиши таҷрибаи якдигар, ташкил намудани семинару конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва дигар самтҳои корӣ.
Вазири корҳои дохилии Узбакистон аз пазироии ҷониби Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, гуфтааст, ки муносибати дӯстонаю бародаронаи роҳбарони ҳарду давлат моро ба он водор месозад, ки ҳамкориро дар сатҳи олӣ ба роҳ монем.
Вай таклифҳои вазири тоҷикро қабул ва дастгирӣ кардааст.
"Таклифҳои пешниҳоднамудаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси дастгирӣ буда, мо бояд бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту ҷинояткорӣ дар якҷоягӣ мубориза барем".