Навори гашту гузори Раҳмон ва Мирзиёев дар бӯстонсаройи раисҷумҳур

Обуна шудан
Дар доираи сафари кишвардори Узбакистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо мақсади ошноӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб” гашту гузор карданд

Сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон дар Тоҷикистон 9 март бо маросими истиқболи расмӣ оғоз гардида, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, 27 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Бо далели кӯҳсор будани 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистон айни замон 6 самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар муайян шудааст, ки инҳо туризми кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳиву варзишӣ, алпинизм, туризми таърихию фарҳангӣ, туризми этнографӣ ва туризми экологӣ мебошанд. 

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1999 бо истифода аз табиати биҳиштосои кишвар ва баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ 3 минтақаи кишвар — Варзоб, Ромит ва Балҷувон ба ҳайси минтақаҳои сайёҳӣ эълон гардиданд, ки барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва сайёҳон мусоид мебошанд.

Ҳамчунин рушди соҳаи сайёҳиро дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризми дохилӣ" танзим менамояд.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрии Варзоб сарони давлатҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев табиати зебову оби мусаффои дарёи шухи Варзобро тамошо карданд.

Лентаи хабарҳо
0