ДУШАНБЕ, 9 мар- Sputnik. Ба гузориши расонаҳои расмӣ ҳунармандони узбакро ёварони раисҷумҳури Тоҷикистон дар назди "Кохи Борбад" пешвоз гирифтаанд.
"Ҳунармандон аллакай тамрини муштаракро оғоз намуданд. Субҳи рӯзи 8 март, дар даромадгоҳи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" санъаткорони шинохтаи Узбакистонро ёварони раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон ва оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода истиқбол гирифтанд",-омадааст дар хабарнома.
Ин ҳунамандон барои овозхонӣ дар консерти "Шоми дӯстӣ", ки дар ҳошияи сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон шоми 9 март дар "Кохи Борбад" баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
Пештар хабар дода шуд, ки беш аз 100 ҳунарманди Узбакистон барои ширкат дар ин барнома ба Душанбе расиданд. Ҳайъати Узбакистонро дар ин консерт машҳуртарин ҳунармандони кишвар аз ҷумла Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров ва мусиқинавозону раққосон намояндагӣ хоҳанд кард.
Ҷониби Тоҷикистонро бошад, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷурабек Муродов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, инчунин Рустам Дуллоев, Нигина Амонқулова, ҳунармандони ансамбли давлатии "Шашмақом" ва дигарон намояндагӣ хоҳанд кард.