ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ба гузориши оҷонсии Тоҷик.ТА. бо хатсайри вижаи ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон — "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" беш аз 100 сарояндагону раққосон ва мусиқачиёни узбак ба Душанбе омаданд.
Онҳо дар консерти "Шоми дӯстӣ", ки рӯзи 9 март бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маҷмааи "Кохи Борбад" доир мегардад, иштирок мекунанд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин консерт иштироки 150 нафар сарояндагону раққосон ва мусиқачиён дар назар аст.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки ба гурӯҳи ҳунармандони Узбакистон дар ин консерт аз ҷумла ҳунармандони халқии Узбакистон Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров, Озодбек Назаров ва дигарон шомил шудаанд.
Тоҷикистонро дар ин консерт ҳунармандони маъруф Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, сарояндаи опера Рустам Дулоев, сароядагони "Шашмақом" ва дастаҳои рақсӣ намояндагӣ мекунанд.
Дар консерт ба ҷуз сарони кишварҳо, аъзои ҳайати расмии Узбакистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанба ва аҳли ҷомеа низ иштирок мекунанд.