Амрико интизор дорд, ки нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ бештар мешавад

© Sputnik / Джереми Хоган / Гузариш ба медиабонкКапитолий в Вашингтоне, архивное фото
Капитолий в Вашингтоне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нигаронӣ аз ДИ дар Афғонистон Маскавро барои мустаҳкам кардани мавқеи худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таконе медиҳад, изҳор намуд мудири хадамоти иктишофии ИМА Дэниел Коутс

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Иктишофи ИМА таҳкими мавқеъҳои Русияро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо далели таҳдиде, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгарои "Давлати исломӣ", ки фаъолияташ дар қаламрави Русия, ИМА ва дигар давлатҳо мамнӯъ аст, меояд, мунтазир аст, мегӯяд мудири хадамоти иктишофии ИМА Дэниел Коутс.

"Русия ба роҳбарони Осиёи Марказӣ фишор хоҳад овард, то онҳо робитаҳояшонро бо Вашингтон коҳиш диҳанду ташаббусҳои Русияро дар соҳаи иқтисод ва амният дастгирӣ намоянд. Дар айни замон, нигаронии ДИ дар Афғонистон таконеро ба Маскав барои мустаҳкам кардани мавқеҳояш дар ин минтақа хоҳад дод", — омадааст дар баёнияи катбии Коутс ба конгресс.

"Бад идора кардани давлат ва мавҷудияти иқтисодҳои заиф хавфи ифротгароиро бештар афзоиш медиҳад, махсусан дар байни сокинони зиёди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба Русия ё дигар давлатҳо барои кор мераванд. Ин таҳдид ҳам ба Осиёи Марказӣ ва ҳам ба Русияву Ғарб равона шудааст", — зикр гардидааст дар санад.

Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кобулов: ҳадафи ДОИШ сарнагун кардани ҳукумати кишварҳои ОМ аст

Ба андешаи Коутс, Чин ҳамчунин таъсирои худро дар минтақа густариш хоҳад дод, гарчанд дар соҳаи амният ва сиёсат бо Маскав мухолифат нахоҳад кард.

Пештар мудири Департаменти сеюми ИДМ ВКХ ФР Александр Стерник изҳор дошт, ки Вашингтон асосан дар рушди ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор аст, самти иҷтимоӣ-иқтисодии ин тарҳ нақши дуюмдараҷаро мебозад.

"Чӣ тавре ки аз стратегияи нави амнияти ИМА бармеояд, амрикоиҳо асосан алоқаманди густариши ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Тарҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, моҳиятан "яксу" гузошта мешавад, ба истиснои мавзӯи дастрасӣ ба маводи хоми минтақа. Баъид аст, ки чунин муносибат, масалан, Қазоқистонро қаноат кунад, ҳол он ки ҷумҳурӣ ба ҷодаи ҷаҳиши навсозӣ баромадааст. Инро ҳамчунин метавон дар бораи иштирокчиёни дигари гурӯҳи амрикоии "C5 + 1" гуфт", — эълом кард Стерник.

Лентаи хабарҳо
0