Кобулов: ҳадафи ДОИШ сарнагун кардани ҳукумати кишварҳои ОМ аст

© AFP 2023 / TAUSEEF MUSTAFAДемонстранты с флагом ИГ. Архивное фото
Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадафи аслии "Давлати Исломӣ" дар Осиёи Марказӣ ноором кардани авзоъ ва ҷорӣ кардани бесарусомонӣ аст,мегӯяд намояндаи ВУХ Русия Замир Кобулов

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Аксари ҷангиёни гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) дар Афғонистон паноҳ мебаранду зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳастанд, гуфт Замир Кобулов.

"Ин далеле, ки аксари узвияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва манотиқи гуногуни Русия ҳастанд, таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб мекунад", — гуфт Кобулов дар мусоҳиба бо шабакаи "Россия 24".

Ба гуфти Кобулов "вазифаи аввалиндараҷаи ДОИШ дар Осиёи Марказӣ ноором кардани авзоъи ин минтақа ва сарнагун намудани давлатҳои қонунӣ мебошад".

Пештар хабар дода шуд, ки саркардаи гурӯҳи террористии ДОИШ ба Африқо фирор кардааст.

Гуфта мешавад, эҳтимолан Абубакри Бағдодӣ дар кишвари Чад ё наздики Нигерия аст ва умедвор аст, ки битавонад ташкилоти аз даст рафтаи худро дар Африқо эҳё кунад.

Сомиҳ Ид, коршиноси масоили ДИИШ дар Миср изҳор дошт, эҳтимол дорад, Бағдодӣ пас аз фирор аз Ироқу Сурия дар минтақае дар Африқо бошад.

Ноҷиҳ Иброҳим, раҳбари собиқи гурӯҳи Ҷамоати исломӣ дар Миср низ таъкид кард, Бағдодӣ мумкин аст, дар минтақае дар шимоли Чад ё минтақаи марзии бидуни назорат миёни Алҷазоиру Нигерия пинҳон шуда бошад.

Лентаи хабарҳо
0