Владимир Путин: ҷаҳон дар мубориза бо теруризм бояд ҳамдаст шавад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин, архивное фото
Президент России Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишварҳо дар мубориза бо теруризм бояд ҳамдаст шаванд ва ҷабҳаи нерӯманди байналмилалии зиддитеруристиро ташкил кунанд, мегӯяд раҳбари Русия Владимир Путин

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бояд кишварҳо кӯшишу талошашонро дар мубориза бо теруризм муттаҳид кунанд ва ҷабҳаи нерӯманди байналмилалии зиддитеруристиро ташкил кунанд, гуфт раисҷумҳур Путин.

"Теруристҳоро дар як кишвари ҷудогона шикаст доданд ҳануз пирӯзӣ бар теруризм нест", — мегӯяд Путин дар филми мустанади “Миропорядок 2018”, ки бар мусоҳибаи раисҷумҳур бо Владимир Соловёв асос ёфтааст.

Президент РФ В. Путин встретился с руководителями спецслужб СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин: Русия даргири мусобиқаи ҷангафзорӣ намешавад

Раҳбари Русия дар ин филм ёдоварӣ мекунад, ки масъалаи теруризмро наметавон танҳо бо силоҳ ҳалл кард, “ҳарчанд мебинем, ки бе ин ҳам намешавад бо терур мубориза кард”. Вай бар ин назар аст, ки бояд далоили пайдоиши онро решакан кард.

“Бояд кишварҳо дар мубориза бо теруризм ҳамдаст шаванд ва ҷабҳаи нерӯманди байналмилалии зиддитеруристиро ташкил кунанд”, — таъкид кард Владимир Путин.

Вай дар бахше дигар аз ин филм аз кишварҳои Ғарб интиқод карду гуфт, ки таҳримбандии онҳо бар Русия равише ғайриқонунӣ барои рақобат аст. Вай афзуд, кишварҳои ғарбӣ ин таҳримҳоро бар Русия мебанданд то тавонмандиҳои дифоъии онро маҳор кунанд.

Путин ёдоварӣ кард, ки сиёсати таҳримбандии Амрико нишон аз сустии он кишвар аст, на қудраташ ва дар воқеъ, пеш гирифтани чунин сиёсате баёнгари бекифоятии Вашингтон аст.

Лентаи хабарҳо
0