ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Русия бояд ба фикру тадбири худ такя кунад, гуфт раисҷумҳур Путин имрӯз дар нишасте дар Вазорати дифоъ.
"Русия набояд даргири мусобиқаи ҷангафзорӣ шавад ва иқтисоди худро низ даргири он кунад. Барои ҳалли бештари масоили амниятӣ ва дифоъӣ бояд аз фикру тадбир истифода кард ва ҳазинаҳои низомиро коҳиш дод", — гуфт Путин.
Раҳбари Русия афзуд, ки яке аз тавонмандиҳое, ки русҳо доранд, ин аст, ки бо ҳунару кордонӣ ҷангро пеш мебаранд, на бо теъдоди нерӯҳо.
Путин ҳамчунин таъкид кард, ки корбурди фикру тадбир дар нерӯи дифоъии Русия ба таври қобили эътимод ва бе қайду шарте тазмин шудааст.