ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 6-уми март, дар ҷамоати деҳоти "Симиганҷ"-и шаҳри Ваҳдат чунин як бинои нав бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ, раҳбари ташкилоти "Сейферворлд" (Дунёи бехатар) мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин сохтмон дар доираи хамкории якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва ташкилоти "Сейферворлд" бунёд гардидааст.
Дар маросими кушодашавӣ муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Ислом Икром нозирони минтақавиро барои соҳиби чунин шароитҳои нави замонавӣ гардиданашон табрик гуфтааст.
Гуфта мешавад, ки ин сохтмон бо мақсади беҳбуд бахшидан ба рафти фаъолияти кормандони милитсия, бахусус бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва нозирони минтақавӣ аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.