Дар вилояти Маскав беш аз 90 муҳоҷирони ғайриқонунӣ дастгир шуданд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМеры безопасности в московском метро
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони полис ҳангоми рейди худ дар вилояти Маскав биноҳои иншоотӣ ва саноатиро тафтиш намуда, шаҳрвандони хориҷиеро, ки ғайриқонунӣ дар он ҷойҳо кору зиндагӣ мекарданд, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар шаҳри Долгопрудний-и вилояти Маскав ҳангоми гузаронидани маъракаи "Нелегал" кормандони полис беш аз 90 муҳоҷиронро дастгир карданд, хабар медиҳад оҷонсии "Москва" бо истинод ба суханони роҳбари хадамоти матбуоти ИА ВКД Русия дар вилояти Маскав Татяна Петрова.

Тавре ки ӯ қайд кард, кормандони полис ҳангоми гузаронидани рейд биноҳои иншоотӣ ва саноатиро тафтиш намуда, шаҳрвандони хориҷиеро, ки ғайриқонунӣ дар онҳо кору зиндагӣ мекарданд, дастгир намуданд

"Дар маҷмӯъ, тибқи натиҷаҳои чорабинӣ 158 протоколи маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои расмиёти воридшавӣ ва фаъолияти кории ғайриқонунӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ФР тартиб дода шуда, 91 нафар муҳоҷири ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд".

Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Задухӯрди гурӯҳии тоҷикон бо русҳо дар Новороссийск: 17 муҳоҷир дастгир шуд

Илова бар ин, ба ҳар як аз муҳоҷир ҷазо дар ҳаҷми аз 2 то 5 ҳазор рубл бо истихроҷи минбаъда аз қаламрави Русия таъйин гардидааст.

Ҳамчунин кормандони ВКД 175 шаҳрванди хориҷаи наздикро тибқи бунгоҳҳои ҳисобдории маълумотӣ тафтиш кардаанд.

Пулис гумонбаронро дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ муқаррар мекунад.

Пештар раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зарурати идомаи раванди фароҳам овардани шароит барои танзими самарабахши ҷараёни муҳоҷират ва роҳи ҳалли мутамаддини масоили ин соҳаро таъкид карда буд.

"Ҷараёни сабтиномро дар соҳаи муҳоҷират бояд ба тартиб даровард. Дар солҳои охир раванди сабтиноми муҳоҷирин дар робита ба додани патентҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо барои онҳо хеле содда карда шуд. Зарур аст, ки аз ин ба баъд ҳам барои танзими самараноки ҷараёни муҳоҷират шароити мусоид фароҳам овард, барои ҳалли мутамаддини тамоми масоиле, ки дар ин соҳа пеш меоянд, талош бояд кард. Вале дар ҳама ҳолат, мо набояд манфиатҳои қонунии шаҳрвандони худро фаромӯш кунем", — гуфт Путин.

Лентаи хабарҳо
0