ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ба гузориши расонаҳои Новороссийск, пулис дар пайгирии задухӯрд миёни муҳоҷирон ва нигаҳбонҳои бошгоҳҳои билиярдбозӣ 17 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардааст.
Гуфта мешавад, ки ин задухӯрд 5 январ рух додааст. Далоили сар задани ин ҷанҷол маълум нест, вале пулис мегӯяд, ки 17 муҳоҷири тоҷикистонӣ чанд нигаҳбони бошгоҳро сахт латукӯб кардаанд.
Нигаҳбонҳо, ки шумораашон камтар аз муҳоҷирон буданд, аз ин ҳодиса ба пулис шикоят бурдаанд. Пулис дар пайгирии ин шикоят 17 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардааст.
Ду тан аз ин дастгиршудагон муттаҳам ба роҳандозии ҷанҷолу задухӯрд ва боздошт шудаанд. Пулис барои ин ду муҳоҷир парванда оғоз кардааст.
Ҳамчунин 8 тан аз ин дастгиршудагон муттаҳам ба шикастани қонунгузории муҳоҷират шуда ва аз Русия ихроҷ карда мешаванд.