Барои тӯйкунӣ ва рӯзгоргузаронӣ: барои чӣ тоҷикон ба Русия меоянд

© Sputnik / © SputnikПосадка пассажиров в поезд Москва-Душанбе
Посадка пассажиров в поезд Москва-Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷомеашиносон аз Донишгоҳи Санкт-Петербург аз тадқиқотҳои худ нақл карданд, ки далели муҳоҷирати шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Русия дар чист

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Кормандони озмоишгоҳи "Фаромилиятӣ ва фарояндҳои муҳоҷират"-и Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург   байни муҳоҷирони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон назарсанҷӣ гузаронида, аз онҳо пурсон шуданд, ки барои чӣ ба Русия сафар кардаанд. 

Ҷомеашиносон ҷавонони синнашон аз 18 то 23 солаеро назарсанҷӣ кардаанд, ки то ба ҳол қаламравҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро тарк накарда будаанд.

Ҳамин тавр, маълум шуд, ки аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Русия барои кӯмак ба хонаводаҳои худ ва аксарияти шаҳрвандони Узбакистон барои пардохти маблағи тӯй кор дар Русияро интихоб кардаанд.

Заместитель председателя правительства РФ Ольга Голодец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Голодетс: шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори кори Русия бояд кам шавад

Кормандони Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ҳамчунин ҳисоб кардаанд, ки барои омадан ба Русия ба муҳоҷир чӣ қадар маблағ лозим аст. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон бояд 500 долларӣ дошта бошанд: тахминан 110 доллар барои харидани чипта то Русия, 230 доллар барои харҷи моҳи аввали истиқомат ва тақрибан 200 доллар дигар барои дарёфти мақоми расмӣ дар Русия сарф хоҳад шуд.

"Панҷсад доллар барои онҳо хеле пул аст ва дарёфт намудани он барои одамоне, ки музди меҳнати кам доранд ё умуман кор намекунанд, сангин аст. Аксар вақт, онҳо ин пулро аз дӯстон ва хешовандонашон, ва ё аз ташкилотҳои эътиборӣ қарз", — қайд мекунад Павел Лиситсин, дотсенти Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург.

Дар айни замон, ҷомеашиносон қайд мекунанд, ки аксар вақт ҳангоми сафар ба Русия муҳоҷирон дучори хатарҳои зиёд мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, хатарҳои асосӣ иборатанд аз он аст, ки муҳоҷирон аксар вақт дар бораи маконҳое, ки ба он ҷо мераванд, маълумоти кофӣ ва дақиқ надоранд. Тавре коршиносон афзудаанд,  хатари дуввум — ин равонист.  

Лентаи хабарҳо
0