Голодетс: шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори кори Русия бояд кам шавад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя правительства РФ Ольга Голодец, архивное фото
Заместитель председателя правительства РФ Ольга Голодец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Русия барномаи ҷиддии марбут ба механизми зина ба зина маҳдуд кардани дастрасии қувваи кории муҳоҷирони меҳнатӣ ба бозори кори Русия амалӣ мешавад, иттиллоъ дод муовини сарвазири Русия хонум Олга Голодетс

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори кори Русия бояд бо назардошти талаботи иқтисодиёт кам карда шавад, иброз дошт муовини сарвазири ҳукумати ФР хонум Олга Голодетс дар Форуми байналмилалии меҳнат дар шаҳри Петербург.

"Мо барномаи ҷиддиеро барои зина ба зина маҳдуд кардани дастрасии қувваи кории муҳоҷирони меҳнатӣ ба бозори кори Русия амалӣ карда истодаем. Масалан, дар нақлиёти мусофирбар маҳдудият дар соли 2015 барои қувваи кории хориҷӣ 50%-ро ташкил карда буд, имрӯз бошад, ин нишондиҳанда то ба 28% кам шудааст, ва ин раванд идома дорад. Дар соҳаи тиҷорат бошад, таносуби ҳадди аксари қувваи кории хориҷӣ 25% буд, вале имрӯз 15%-ро ташкил медиҳад", — шарҳ дод вай.

Мигрантка из Таджикистана рассказала, как осталась без документов и жилья с маленьким ребенком на руках - Sputnik Тоҷикистон
Зани муҳоҷир: тифлонамро ёд кардам, нони қоқ мехӯрам, дар Ватани худам мехӯрам (НАВОР)

Хонум Голодетс илова кард — "мо бояд ҳама корро барои коҳиш додани ин рақам бо дарназардошти талаботи иқтисоди худ зина ба зина ба анҷом расонем".

Пештар, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зарурати идомаи раванди фароҳам овардани шароит барои танзими самарабахши ҷараёни муҳоҷират ва роҳи ҳалли мутамаддини масъалаҳои ин соҳаро таъкид карда буд.

"Ҷараёни бақайдгириро дар соҳаи муҳоҷират бояд ба тартиб даровард. Дар солҳои охир раванди бақайдгирии муҳоҷирин дар робита ба додани патентҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо барои онҳо хеле содда карда шуд. Зарур аст, ки аз ин баъд ҳам барои танзими самараноки ҷараёни муҳоҷират шароити мусоид фароҳам овард, барои ҳалли мутамаддини тамоми масоиле, ки дар ин соҳа ба пеш меоянд, талош кард. Вале дар ҳама ҳолат, мо набояд манфиатҳои қонунии шаҳрвандони худро фаромӯш кунем, — гуфт Путин.

Лентаи хабарҳо
0