Як қадами дигаре то дӯстӣ: Мирзиёев ҳунарнамоии Ҷӯрабек Муродовро васф кард

© Пресс-служба президента РУзПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев чанде пеш аз ҳунарнамоии устоди ҳунари тоҷик Ҷӯрабек Муродов дар Узбакистон ёдовар шуда, гуфт, ки мардум онро бо завқу ҳаяҷони том гӯш кардаанд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев чанде пеш ҳини мулоқот бо аҳли зиёи кишвараш ҳунарнамоии овозхони маъруфи тоҷик, устод Ҷӯрабек Муродовро васф кард.

Мирзиёев рӯзи 3-уми август гуфт, ки овозхонии Ҷӯрабек Муродовро дар маросими бахшида ба 100-солагии ҳунарманди машҳури узбак Комилҷон Отаниёзов дар Хоразм тамошобинон бо завқу ҳаяҷони том гӯш кардаанд.

Чанде пеш худи устод Ҷӯрабек Муродов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки тайи се рӯз ба хотири бузургдошти ҳунарманди машҳур Комилҷон Отаниёзов ба Узбакистон сафар карда буд.

Дар пайи ин сафар устод мардуми ҳамсоякишварро аз номи мардуми тоҷик ба муносибати ҷашни 100-солагии ҳунарпешаи машҳур Комилҷон Отаниёзов  муборакбод гуфт ва ҳамзамон дар ҳисоби ҳунармандони машҳури узбакистонӣ ҳунарнамоӣ кард.

Устод Муродов дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки ба ҳамсоякишвар сафари серӯза дошт ва пас аз солиёни зиёд аз вилояти Хоразми Узбакистон дидан кард.

"Узбакистон чанде қабл 100-солагии арбоби ҳунари кишвар Комилҷон Отаниёзовро ҷашн гирифт. Мо аслан барои шодбошии мардуми кишвар ба муносибати ин ҷашн ба Узбакистон рафтем ва аз номи тоҷикон онҳоро шодбош гуфтем",- қайд кард устод Ҷӯрабек Муродов.

Устод аз қабули мардуми узбак аз ҳунарманди тоҷик ибрози қаноатмандӣ кард.

"Дар Узбакистон моро хело хуб пазируфтанд. Дар чанд маҳфиле, ки бахшида ба гиромидошти арбоби ҳунар баргузор шуда буд, ба мо сухан доданд ва суханронӣ карем",- афзуд Ҷӯрабек Муродов.

Илова бар ин тавре ки Ҷӯрабек Муродов қайд кард, ҳангоми суханронӣ дар қатори ҳунармандони узбакистонӣ суруд сароид.

"Шаби дувум дар Хева дар маҳфиле  бисёр меҳмонон гирд омаданд. Ёвари раисҷумҳури Узбакистон суханро ба ман доданд ва ман пас аз табрикот як ду суруд замзама кардам",- гуфт устод.

Лентаи хабарҳо
0