ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ба гузориши "Парстудэй", Амрико мехоҳад дар моҳҳои май дар Қудс сафорат ифтитоҳ мекунад.
Майк Пенс, муовини Трампи раисҷумҳури Амрико гуфт: Моҳи майи имсол сафорати Амрико дар Қудс ифтитоҳ хоҳад шуд.
Вай дар Нишасти AIPAC (кумитаи равобити умумии Амрико ва Исроил) гуфт: Мо мусаммам ҳастем, то дар моҳи майи имсоли 2018, сафорати худро дар Қудс ифтитоҳ кунем.
Пенс бо беэътиноӣ ба мухолифати ҷомеа ҷаҳонӣ бо иқдоми Амрико дар бораи ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Байтулмуқаддас гуфт: Амрико ҳамеша дар канори Исроил боқӣ хоҳад монд.
"Ба хотири иқдомоти раисҷумҳур, равобити байни Амрико ва Исроил токунун то ин ҳад мустаҳкам набудааст",- гуфтааст Пенс.
Раисҷумҳури Амрико шашуми декабри 2017 бо вуҷуди мухолифатҳои густардаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард: Вашингтон, Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохта ва сафорати худро ба онҷо мунтақил хоҳад кард. Ин иқдом бо эътирози густардаи фаластиниҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст.