Чанде пеш давлати Исроил дарвозаҳои оҳанёбу дурбинҳоеро, ки дар атрофи Масҷид ул-Ақсо гузошта буд, бардошт, вале раҳбарони руҳонии мусулмонон ин иқдомро кофӣ надониста тақозо доранд, ки дарҳои Масҷид ул-Ақсоро ба рӯи намозгузорони фаластинӣ боз кунанд.
Низомиёни Исроил аз 14 июл то 17 июл дарҳои Масҷид ул-Ақсоро бастанд ва пас аз бозгушоии он низ дарвозаҳои оҳанёберо барои бозрасии намозгузорон дар даромадгоҳҳои он масҷид насб карданд. Ин иқдом эътирози шадиди фаластиниён ва мақомоти бисёре аз кишварҳои исломиро дар пай дошт.