ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Духтари хурдии аввалин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов Лола Каримова-Тиллоева эълом кард, ки аз симати президенти Федератсияи гимнастикаи кишвар истеъфо медиҳад.
"Пас аз 13 сол маҷбур шудам, ки вазифаи президенти Федератсияи гимнастикаи Узбакистонро тарк кунам. Ман мехоҳам самимона аз тамоми варзишкорон, мураббиён ва тамоми кормандони федератсия барои дастовардҳояшон дар ин ҷода ва меҳнати софдилонаашон изҳори минттаддорӣ баён кунам!",- навиштааст духтари раисҷумҳур, Каримова.
Аммо Лола таъкид кардааст, ки унвони фахрии президенти Иттиҳоди гимнастикии Осиёро нигоҳ медорад ва мухлиси гимнастика боқӣ мемонад.
Ёдрас мешавем дар аввалҳои моҳи феврал Лола Каримова аз мақомаш дар СММ- намояндаи доимии Узбакистон дар ЮНЕСКО маҳрум шуда буд.
Тобистони соли гузашта духтари раисҷумҳури марҳум эълон карда буд, ки ба хотири пешбурди корҳои шахсии худ, вазъи оилавӣ ва баъзе тарҳҳояш дар доираи Бунёди хайриявии аввалин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов симати намояндагии Узбакистонро дар ЮНЕСКО-ро тарк хоҳад кард.