Лола Каримова аз симаташ дар ЮНЕСКО барканор шуд

© Facebook / Lola Karimova-TillyaevaЛола Исламовна Каримова-Тилляева
Лола Исламовна Каримова-Тилляева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лола Каримова-Тиллоева аз тарҳҳои муваффақи намояндагӣ дар солҳои фаъолияташ ба сифати сафири Узбакистон дар ЮНЕСКО нақл кард

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Лола Каримова-Тиллоева дар бораи рӯзи охирони кираш дар ЮНЕСКО нақл кард.

"Имрӯз рӯзи охирони кории ман ба сифати сафири Узбакистон дар ЮНЕСКО аст.  Бешубҳа, 10 соли фаъолиятам дар соҳаи дипломатия қисми муҳими ҳаётам буд. Ман барои ин таҷрибаи бебаҳоям, барои шахсоне, ки ман бо онҳо шинос шудам ва барои иконияте, ки дониши бештар андӯхтам ва дар асос ба Ватанам хидмат кардам, миннатдорам",- навиштааст Каримова дар саҳифаи Инстаграм.

Лола Каримова-Тилляева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Лола Каримова: падарам моро дар мазораш интизор аст, аммо наметавонам равам

Аммо, Каримова тарҳҳояшро дар соҳаи фарҳанг, маориф, илм ва экология идома медиҳад.

"Ман ба нақша гирифтаам, ки корамро дар бунёди хайриявии "Ту танҳо нестӣ" идома диҳам. Ҷарроҳии қалби кӯдакони бемор дар ҳамкорӣ бо коршиносони фаронсавӣ идома меёбад. Ҳамчунин корамро бо барномаи кӯмакрасонӣ ба кӯдаконе, ки имконяиташон маҳдуд аст ва дигар лоиҳаҳои кӯмак ба кӯдакон дар Узбакистон идома хоҳам дод",- гуфтааст дар анҷом вай.

Лола Каримова аз соли 2008 вазифаи намояндаи доимии Убакистонро дар ЮНЕСК иҷро мекард. Ӯ ҳамчунин роҳбарии бунёди хайриявии "Ту танҳо нестӣ", Маркази ҷумҳуриявии мутобиқкунии ҷитимоии кӯдакон, Федератсияи гимнастика ва шурои парастории Бунёди хайриявии ба номи Ислом Каримовро роҳбарӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0