ТАЛКО: хабарҳо дар бораи тақсими ширкат бо Чин дурӯғ ҳастанд

© Фото : Посольство России в ТаджикистанеГосударственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО
Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати алюминии “ТАЛКО” гузориши бархе аз расонаҳо дар бораи тақсими корхонаи алюминии Тоҷикистон бепоя хонд

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дафтари иттилоърасонӣ ва равобити умумии ширкати давлатии алюминии “ТАЛКО” дар баёнияе гузориши бархе аз расонаҳоро, ки гӯё Тоҷикистон корхонаи алюминии Турсунзодаро бо Чин “тақсим” мекардааст, бепоя хонд.

“Родюи “Озодӣ”, ки манбаъи ин иттилоъ буда, ҳангоми омодасозии гузориш иштибоҳоте карда, ки дигар расонаҳо низ онро такрор кардаанд, ба ҷои ин ки онро ростиомозӣ кунанд”, — гуфта мешавад дар баёнияи ширкати ТАЛКО.

Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бо ёрии Чин корхонаи нави алюминий месозад

“Дар гузорише, ки ин расона 1 март мунташир карда, гуфта шуда, ки “қарор аст, баъди ду соли дигар фаъолияти ширкати “Талко” қатъ шуда, дар ҷойи он корхонаи нави муштарак бо Чин барои тавлиди алюминий сохта шавад. Баъд аз анҷоми сохтмони коргоҳи нав корхонаи “Талко” комилан аз байн меравад”. Дигар расонаҳо ин гузоришро бознашр кардаанд”, — ёдоварӣ шуда дар ин баёния.

Дафтари иттилоърасонӣ ва равобити умумии ширкати “ТАЛКО” ҳамчунин гуфта, ки ҳаргиз аз қасди сохтани корхонаи нав дар маҳдудаи корхонаи феълӣ сухан нагуфтааст. “Дар баёнияе, ки ширкати “ТАЛКО” 17 ноябри соли 2017 мунташир карда буд, танҳо аз қасди сохтани корхона хабар дода шуда буд, вале аз маҳалли сохти он сухане дар миён набуд”, — таъкид шудааст дар ин баёния.

Дар вокуниш ба ин гузориш Дафтари иттилоърасонӣ ва равобити умумии ширкати “ТАЛКО” расман эълом кардааст, ки сохтусози корхонаи нави алюминий тарҳи ҷудогонаест, ки дар чорчӯби барномаи Тарҳҳои сармоягузории ТАЛКО баррасӣ мешавад.

“Роҳандозии ин тарҳ имкон хоҳад дод, тавлиди алюминий дар Тоҷикистон бо навтарин фанновариҳо таҷҳиз шуда ва масрафи нерӯи барқ камобеш ду баробар камтар шавад ва ҳамзамон корхонаи нав посухгӯи шадидтарин муқаррароти зистмуҳимӣ бошад”, — тавзеҳ додааст ТАЛКО.

Ин ниҳод ҳамчунин ёдоварӣ кардааст, ки ТАЛКО корхонаи давлатӣ буда, кулли масоили вобаста ба фаъолият кардан ё бастан ва ё фурӯши он дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ширкати “ТАЛКО” масъули нигаҳдории корхона, бозсозӣ, навсозии таҷҳизот, таъмини амалиёти тавлидии он то он замоне аст, ки давлат дар борааш қароре тасвиб накунад”, — таъкид шудааст дар баёния.

Лентаи хабарҳо
0