ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон бо ёрии Чин як корхонаи нави тавлиди алюминий хоҳад сохт, гуфт раҳбари дафтари иттилоърасонии ТАЛКО Игор Сатторов.
“Ширкати давлатии ТАЛКО ба далели сохтусози корхонаи муштараки алюминий бо Чин барои ду сол корашро боз хоҳад истонд”, — хабар дод Сатторов.
Вай афзуд, ки гуфтушунидҳо барои сохтусози корхонаи нави алюминий, ки ба дастури раҳбарони Тоҷикистон ва Чин баргузор мешаванд, наздик ба поён ёфтан расидаанд.
Ин корхонаро ширкати чинии "Yunnan" хоҳад сохт. Тавофуқ дар ин бора дар раванди охирин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ҳосил шуда буд.
“Инро, ки ҳар кадоме аз кишварҳо чи миқдор сармоя дар ин корхона хоҳанд гузошт, наметавонам ошкор кунам, чун асрори тиҷорӣ аст”, — гуфт сухангӯи ТАЛКО.
Сохтусози ин корхона, ки 1,6 милёрд дулор арзиш дорад, дар соли 2018 оғоз мешавад ва қарор аст дар яку ним сол сохта шавад. Тавони тавлидии корхонаи нав 503 ҳазор тон алюминии хом дар сол дар назар гирифта шудааст. Ин корхона ҳамчунин коргоҳи рехтагарӣ барои тавлиди 800 ҳазор тон фароварда дар сол ва коргоҳи анодӣ барои тавлиди 300 ҳазор тон фароварда низ хоҳад дошт.
Сатторов пеш аз ин гуфта буд, ки чунин корхона, ки дар онҳо навтарин дастовардҳои фанноварии тавлиди алюминий ба кор гирифта шуда бошанд, дар саросари ҷаҳон танҳо сето аст, ки ҳама дар Чин сохта шудаанд.
Бо роҳандозии корхонаи нави алюминий барои 1100 кас кор офарида хоҳад шуд, ки музди корашон ҳам боло хоҳад буд.