Раъду барқу обхезӣ: шаҳрвандони Тоҷикистонро аз бад шудани ҳаво огоҳ карданд

© Sputnik / Vladimir AstapkovichГроза в Москве
Гроза в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи боришҳои бисёр дар кӯҳсори Ҳисор ва Рашт рӯдҳо дар ин митақаҳо пуроб шуда ва туғён хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огаҳии шаҳрвандон мерасонад, ки ҳаво дар наздиктарин рӯзҳо боронӣ шуда ва кӯҳсори баландтар аз 2000 метр барф хоҳад борид.

“Сешанбе, 27 феврал дар паи боришҳои бисёр дар саргаҳи рӯдҳои кӯҳистонҳои Ҳисор ва Рашт, рӯдҳои Ёхсу, Қизилсу ва дигар рӯдҳо пуроб шудаву туғён хоҳанд кард. Дар ноҳияҳои тебеъи марказ раъду барқ пешбинӣ мешавад ва дар кӯҳсорон барф хоҳад борид”, — гуфта мешавад дар огаҳии Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон.

Город Душанбе зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барф меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон дархост карда, ки ҳангоми гаштугузор ва ё сафар дар роҳҳои кӯҳистонии ин ноҳияҳо ва вилоятҳои Суғду Хатлон эҳтиёткор бошанд.

Расонаҳои расмии Тоҷикистон ба нақл аз Умеда Юсуфӣ, сухагӯи Кумита навиштаанд, ки ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳҳо, махсусан дар ағбаҳо пеш аз сафар сокинонро зарур аст, ки воситаҳои нақлиёти худро бори дигар санҷанд.

"Ғайр аз ин аз шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки аз ҷамъоварии ҳезумҳо ва баромадан ба шикор худдорӣ намоянд. Инчунин аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки дар 3 рӯзи охир аз моҳидорӣ дар дарёҳои мазкур худдорӣ намоянд", — омадааст дар хабарнома.

Лентаи хабарҳо
0