Муовини вазири энергетика барои дуздии $ 3 млн боздошт шуд

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры и монеты разных стран
Денежные купюры и монеты разных стран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасод аз дуздии сармоя дар Вазорати энергетика пешгирӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Муовини вазири энержии Қазоқистон Ғанӣ Саъдибеков ва бархе аз ҳамкоронаш ба иттиҳоми дуздии 3,6 милёрд танга боздошт шудаанд.

“Аз рӯи санадҳои дурӯғине, ки Саъдибеков имзо карда, вазорати энержӣ дар соли 2017 беш аз 11 милюн дулор барои анҷоми корҳо пардохт кардааст”, — гуфт Нурлан Жахин, сухангӯи Ожонси мубориза бо фасод дар давлати Қазоқистон.

Вай афзуд, ки беш аз 3 милюн дулор аз ин маблағро, ки Саъдибеков ва ҳамдастонаш нақдӣ кардаву дуздида буданд, ҳангоми бозҷӯӣ ёфт шудаанд.

Сухангӯи Ожонси фасодзудо ҳамчунин гуфта, ки ин ниҳод аз дуздии беш аз 4,6 милюн дулор пешгирӣ карда, ки мебоист барои поксозии кӯле дар соли 2018 ҳазина мешуданд.

Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Transparency International: Тоҷикистон дар шохиси фасоди молӣ

Бозҷӯён Саъдибековро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо мудири ширкати паймонкори “Аймоқ” кардаанд, ки қасд доштаанд сармояеро бидузданд, ки барои поксозии кӯле дар осоишгоҳи Шучинско-Боровск ҷудо шудааст.

Ожонс раҳбари яке аз бахшҳои Вазорати энержӣ Жан Нурбеков ва намояндаҳои ширкати паймонкор Жумалинов ва Қодирберлинро аз дигар ҳамдастони муовини вазир Саъдибеков донистааст.

Ин муттаҳамон боздошт шудаанд ва парвандаашон такмил мешавад, гуфт сухангӯи Ожонси мубориза бо фасод дар давлати Қазоқистон.

Лентаи хабарҳо
0