Transparency International: Тоҷикистон дар шохиси фасоди молӣ

© Sputnik / Алексей Бойцов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони байналмилалии ғайридавлатии Transparency International таҳқиқоташро дар самти фасодзадагии кишварҳои дунё мунташир кардааст

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар ин шохис аз миёни 180 кишвари дунё дар мақоми 161-ум ҷой гирифтааст.

Дар феҳристи ин созмон сатҳи фасодзадагии 180 кишвари ҷаҳон нишон дода шудааст.

Тоҷикистон бо гирифтани 21 хол дар мақоми 161-ум ҷой гирифтааст.

Бино ба гузориши ин ниҳод аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ камтарин сатҳи фасодзадагӣ дар Қазоқистон аст. Ин кишвар бо гирифтани 31 хол дар ҷойи 122-юм ҷой гирифтааст.

Пас аз Қазоқистон, Қирғизистон ва  Русия дар мақоми 135-ум ҷойгир шудааст.

Нуриддин Саидзода - Sputnik Тоҷикистон
Ожонс: Вазорати маориф ва илм фасодзадатарин ниҳоди Тоҷикистон аст

Узбакистон дар навбати худ дар мақоми 157-ум (22 хол), Туркманистон бошад дар ҷойи167 (19 хол) ҷойгир шудааст.

Ҷойи аввалро дар ин феҳрист Зеландияи Нав бо гирифтани 89 хол аз худ кардаааст. Кишвари дуюм Дания ва мақоми сеюмро Швейтсария ва Норвегия гирифтаанд.

Дар сатрҳои охирини феҳрист Сурия (14 хол), Судани Ҷанубӣ (12 хол) ва Сомали (9 хол) ҷой гирифтаанд.

Соли гузашта Тоҷикистон дар Transparency International мақоми 151-умро аз худ карда буд.

Пештар хабар дода шуд, ки Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо боз кардани шуморае дар Viber ва Whats App аз мардум хостааст, ки дар мубориза бо фасод ба онҳо кӯмак кунанд.

Шаҳрвандон метавонанд, дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо омилҳои коррупсионӣ бо шумораи (+992) 880-00-63-77 ба кормандони онҳо муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0