Дар Тоҷикистон занеро бо иттиҳоми сӯистифодаи ҷинсӣ дар Туркия дастгир карданд

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зан духтари 21-солаеро ба Туркия даъват кардааст, ки кор ёфта медиҳад. Он ҷо духтарро ба истисмори шаҳвонӣ водор кардааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зани 32-сола, сокини шаҳри Левкандро (Сарбанди пешина) ба иттиҳоми сӯистифодаи ҷинсӣ дар Туркия дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш ба Шуъбаи Вазорати умури дохила дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зани 21-солаи душанбегӣ шикоят кардааст, ки як сокини Левканд ӯро дар соли 2017 дар Туркия ба фоҳишагарӣ маҷбур карда буд.

Нож у горла женщины, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Зан ҳангоми дар Русия будани ҳамсар шавҳар кард, мард пас аз бозгашт хост ӯро бикушад

Бино бар гуфтаи зан, онҳо бо зани 32-сола дар маркази дилхушии "Опера" дар Душанбе бо ҳам шинос шуданд.

"Муттаҳам духтари 21-соларо моҳи июли соли 2017 барои кор ба Туркия даъват карда, он ҷо ӯро ба истисмори шаҳвонӣ водор кардааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Ӯ ҷабрдидаро ба маблағи 200-400 доллар ба шаҳрвандони миллаташон гуногун пешниҳод намуда, маблағи балдастовардаро ба манфиати худ истифода мебурдааст, афзудааст манбаъ.

Айни замон нафари гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

ВУД тавзеҳ намедиҳад, ки зани ҷабрдида кай ва чӣ гуна ба Тоҷикистон бар гаштааст.

Лентаи хабарҳо
0