ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қазияе, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон кам андар кам рӯй медиҳад ва барои шаҳрвандон аҷиб аст хабар дод: дар шаҳри Панҷакент ҳамсаре ҳангоми маҳуҷирати меҳанатии шавҳараш дигар шавҳар кардааст.
Манбаъ менависад, кормандони милиса марди 41-солаеро ба иттиҳоми сӯйиқасд ба куштор дастгир карданд.
Гуфта мешавад, мард аз муҳоҷирати меҳнати аз Русия баргашта, хабардор шудааст, ки ҳамсараш ба шавҳар баромадааст.
"Номбурда, рӯзи 25-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 19:00-дақиқа, аз ҳиссиёти рашк дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур бо корди хоҷагии дар дасташ буда, бо мақсади ба қатл расонидан якчанд маротиба ба аъзои бадани зани номбурда задааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.