Қодирӣ ба Русия пешниҳод кард, ки ба муҳоҷирон ҳаққи бознишастагӣ диҳанд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАбдурахмон Кодири. Архивное фото
Абдурахмон Кодири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини аввали Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ дар нишасте дар Маскав ба коршиносон ва мақомдорони Русия пешниҳод кард, ик нархи патент пасттар шаваду ба муҳоҷирон ҳаққи бознишастагӣ пардохт шавад

ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Дар рӯзи охири фасли баҳор дар Маскав дар Шӯрои Федеросюн нишасте ба хотири омодагӣ ба ҳамоиши байнипарлумонии "Русия-Тоҷикистон: иқтидори ҳамкорҳиои байниминтақавӣ" баргузор шудааст.

Ҳамоиш моҳи октябри соли 2018 гузаронида хоҳад шуд.

Тоҷикистонро дар ин нишаст сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, муовини аввали Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, раиси пешини вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода намояндагӣ карданд.

Мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз Русия барои муҳоҷирон ҳаққи бознишастагӣ талаб мекунад

Мавзуъи аслии ин нишаст рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ ва илмии миёни Тоҷикистону Русия буд.

Ҳамин тавр, раҳбари Россотрудничество ва муовини вазири маориф ва илми Русия, Павел Зенкович, кори 30 муаллими русро дар Тоҷикистон хулосабарорӣ кард.

Вай ин таҷрибаи педагогироо бомуваффаққият арзёбӣ кард. Тоҷикистон хостори идома ва густашири ин тарҳ шудааст ва дар соли 2018 Русия боз ба мактабҳои Тоҷикистон омӯзгоронро хоҳад фиристод.

Зиёда аз ин худи омӯзгорони рус мехоҳанд, ки онҳоро барои фаъолият ба Тоҷикистон равон кунанд.

Барои ҳукумати Тоҷикистон мавзӯъи аслии ҳамоши моҳи октябр, муҳоҷират хоҳад буд.

"Мо пешниҳод мекунем, ки шарту шароити муҳоҷирони корӣ дар Русия аз ҷумла, ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва пардохти ҳаққи бознишастагӣ, тамдиди муддати буду бош дар Русия ва эҳтимоли арзонтар кардани нархи патент баррасӣ шавад", — қайд кардааст Абдураҳмон Қодирӣ.

Дар масъалаи ҳамкорҳои байниҳукуматӣ, Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки бурсияҳои таҳсил барои наҷотдиҳандагнни Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бештар карда шавад.

Дар баробараи ин Қодирӣ дар бораи имзои қарордод оид ба мубориза бар зиддии маводи мухаддири Тоҷикистон ва Ожонси мубориза бо фасоди кишвар бо ВКД Русия муҳим хондааст.

Лентаи хабарҳо
0