Тоҷикистон аз Русия барои муҳоҷирон ҳаққи бознишастагӣ талаб мекунад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМигранты, архивное фото
Мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаққи бознишастагиро танҳо муҳоҷироне дарёфт хоҳанд кард, ки дар Русия қонунан буду бош ва кору фаъолият доранд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik, Фотима Яҳёева. Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ қасд дорад, ки то соли 2018 бо Русия дар масоили додани ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷирони тоҷик ба мувофиқа расад.

"Мо мехоҳем то поёни соли равон нуқтаи охири кори ин масъаларо гузорем ва тарҳи қарордодро омода кунем. Имзо шудани ин қарордод ба муҳоҷирон ҳуқуқи гирифтани ҳаққи бознишастагиро дар Русия фароҳам меорад", — гуфт намояндаи вазорат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин манбаъ ҳамзамон ёдоварӣ кард, ки ҳаққи бознишастагиро танҳо муҳоҷироне метавонанд дарёфт кунанд, ки дар қаламрави Русия буду бош ва кору фаъолияти қонунӣ доранд.

Рассмотрение ходатайства следствия об аресте подозреваемых в подготовке взрывов в Москве, Давранзод Сиёвуши - Sputnik Тоҷикистон
Миф ё воқеъият: чаро теруристонро дар Русия тоҷик мебароранд?

Намояндагони Вазорати кори Тоҷикистон бар ин ҳастанд, ки ин қарордод бар вазъи иқтисодии Русия низ таъсири мусбат хоҳад дошт, зеро пардохтҳои муҳоҷирон сандуқи бимаи иҷтимоъии ин кишварро ғанӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон муҳоҷирони тоҷик ҳам хоҳанд кӯшид буду бошу корашонро қонунӣ кунанд.

"Вазъи ҷамъиятшинохтии Русия сол аз сол бадтар мешавад. Муҳоҷироне, ки қонунан кор мекунанд, бар вазъи демографӣ низ таъсири мусбат хоҳанд расонд", — гуфтанд дар вазорат.

Пештар хабар дода шуд, ки тарҳи чунин қонун аз авоили соли 2017 омода шуда, вале то кунун бархе мавориде дар ин қарордод ҷой доранд, ки бо қонунгузории Русия носозгор ҳастанд.

Бино бар омори расмӣ, ҳамакнун дар Русия камобеш 800 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон кору фаъолият доранд.

Бино ба таҳлилҳои Мактаби олии иқтисодии Русия, музди миёнаи муҳоҷирони тоҷик дар як моҳ 28 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0