Тоҷикистон аз Бонки тавсеаи Осиёӣ имсол $160 млн дарёфт хоҳад кард

© FlickrЭмомали Рахмон и вице-президент Азиатского банка развития Жанг Венкай
Эмомали Рахмон и вице-президент Азиатского банка развития Жанг Венкай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки тавсеаи Осиёӣ тарҳҳоеро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад, ки барои беҳбуди роҳҳо ва зерсохторҳои шаҳрӣ, мудирияти манобеъи об ва пайомадҳои балоҳои табиӣ иҷро мешаванд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бонки тавсеаи Осиёӣ барои сармоягузории ингуна тарҳҳо дар соли 2018 ба Тоҷикистон 160 милюн дулор хоҳад дод, гуфт намояндаи доими БТО дар Душанбе Прадип Сривастава.

“Бонки тавсеаи Осиёӣ тарҳҳоеро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад, ки барои беҳбуди роҳҳо ва зерсохторҳои шаҳрӣ, мудирияти манобеъи об ва пайомадҳои балоҳои табиӣ иҷро мешаванд. Ин бонк аз ин пас ба Тоҷикистон танҳо кумакҳои молии бебозгашт хоҳад дод”, — гуфт вай имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Бонки тавсеъаи Осиёӣ мулоқот кард

Дидори намояндаи доими БТО дар Душанбе бо хабарнигорон ба муносибати 20-умин солгарди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди молии байналмилалӣ ва 15-умин солгарди ифтитоҳи дафтари намояндагии он дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Сривастава дар ин нишаст афзуд, ки Бонки тавсеаи Осиёӣ имсол дар ҳаҷми 160 милюн дулор кумаки молии бебозгашт барои Тоҷикистон ихтисос хоҳад дод, ки аз ин маблағ 90 милюн дулор барои сохти роҳи Душанбе — Бохтар, 45 милюн дулор барои беҳбуди обрасонӣ дар шаҳри Душанбе ва бақия низ дар бахши тандурустӣ ва муҳити зист ҳазина мешавад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки дар ин замон Тоҷикистон аз Бонки тавсеаи Осиёӣ камобеш 1,5 милёрд дулор вом ва кумаки молии бебозгашт дарёфт кардааст.

Лентаи хабарҳо
0