Кумаки пойгоҳи 201-уми Русия ба куҳансарбозони ҷанги Афғонистон

© страница 201-й РВБ в Facebook201-я РВБ, архивное фото
201-я РВБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба куҳансарбозони ҷанги Афғонистон бастаҳое аз макарон, орд, шири тағлизшуда, рони мурғ ва дигар хӯрокворӣ доданд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ба куҳансарбозони Тоҷикистон кумаки башардӯстона расониданд, - хабар медиҳад дафтари равобити умумии пойгоҳи низомии Русия.

"Рӯзи чаҳоршанбе, 14 феврал кумаки башардӯстонаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба куҳансарбозони шаҳраки Варзоб таҳвил дода шуд. Ин кумакро, ки дар остонаи 29-умин солгарди хуруҷи нерӯҳои Шуравӣ аз Афғонистон таҳвил дода шуда, ёвари фармондеҳи погоҳи низомӣ дар умури байналмилал саргурд Александров ва сардори бахши бозҷӯии низомии пойгоҳ сарҳангёр Шарипов ба шаҳраки Варзоб оварданд",  - гуфта мешавад дар изҳорот.

Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба куҳансарбозони ҷанги Афғонистон бастаҳое аз макарон, орд, шири тағлизшуда, рони мурғ ва дигар хӯрокворӣ доданд. Сипас онҳоро ба идораи раёсати ҳукумати ноҳияи Варзоб барои зиёфат даъват карданд. 

Чанде пештар дар Тоҷикистон 29-умин солгарди хурҷуи нерӯҳои Шуравӣ аз Афғонистон ҷашн гирифта шуда буд. Ба ин муносибат дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун барномае баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0