ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати раисҷумҳур, раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот ҷаласа баргузор шуд.
Ба иттилоъи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда, ки истиқлолият яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, аз ин ру баҳри гиромидошти муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукуҳи он бояд тадбирҳои мушаххас амалӣ гардад.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади дар сатҳи баланд омода шудан ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолият, Кумитаи тадорукот қарор карда, ки роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолият ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
Ҳамчунин қарор карда шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, Дастгоҳи раисҷумҳур ва воҳидҳои сохтории он дар муҳлати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои мазкурро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки аз 19 декабри соли 2017 таҳти рақами 968 Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.