Супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам Эмомалӣ бораи ҷашни Наврӯз

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси ҳукуматӣ имрӯз, 28 феврал ба раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ барои таҷлили арзандаи ҷашни Наврӯз-2018 супоришҳои мушаххас додааст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ҳукуматӣ баргузор шудаааст.

Дар ин маҷлис нахуст раиси Кумитаи давлатии мудирияти замин ва заминпаймоӣ дар мавзуъи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва баҳраварон аз замин дар кишвар то 1 январи соли 2018" гузориш дода аст.

Девочки на праздновании Навруза - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониён дар моҳи март 14 рӯз истироҳат мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас додааст.

Супоришҳои дигар ба Ҳукумати кишвар, раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ва роҳбарони мақомоти шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, ба хусус дар пойтахт, омодагии ҳамаҷониба ва арзанда ба ҷашну идҳои умумимиллӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ дода шудааст.

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дар бораи чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ, ки соли 2018 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, вусъати корҳои саҳроӣ, дар сатҳи зарурӣ доир кардани кишту кори баҳорӣ, ташкили намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани ҳашарҳои умумӣ баҳри таъмини тозагии муҳити зист, супоришҳои мушаххас додааст.

Пештар хабар дода шуд, ки вакилони халқи вилояти Суғд мехоҳанд номи бархе аз маҳалҳои шаҳрҳои Исфара, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро иваз кунанд.

Лентаи хабарҳо
0