ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар ҳоле, ки намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева дар барномаи "Ту беҳтаринӣ!" дар Маскав ширкат мекунад, дар Душанбе холааш Шаҳло Ғайбуллоева ташвишу нигаронӣ мекашад.
Ҳама барои Меҳрона аз Тоҷикистон мухлисӣ мекарданд
Бо яку якбора баҳои "чор" гирифтани Меҳрона Ғайбуллоева дар барномаи "Ту беҳтаринӣ!", ин тоҷикдухтар дар як чашм ба ҳам задан қаҳрамони тоҷикистониён гардид. Қариб ҳар нафари дуюми корбарони Facebook аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ табодули афкор кардаанду аз шодиву ифтихор суханҳои неки бепоён гуфтаанд.
Бо эҳсосоту тарсу ҳароси на кам баромади Меҳронаро холааш Шаҳло Ғайбуллоева, ки таи 10 соли охир ба ҷои волидайни духтар буд, тамошо мекард. Зан дар бораи таассуроташ ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард.
"Ҳунарнамоии ӯро бо нигарониву ҳаяҷон ҳанӯз аз рӯзи ҷумъа, ки занг заду ба ман гуфт, ки барояш дуо бихонам, интизор будам. Вақте ман фаҳмидам, ки вай суруди хеле душвор — "Фоҷеа дигар нест"-и Полина Гагаринаро иҷро мекунад, ташвишу нигарониям дучанд шуд. Худатон мефаҳмед, охир духтари ман ҳанӯз маълумоти пурраи мусиқӣ надорад. Ӯ танҳо дар соли аввали коллеҷи ҳунар таҳсил мекунад, ва табиист, ки барои духтари худомӯз сурудани чунин як матни сангин худ як хавф аст", — ташвишу ҳаяҷони худро тавзеҳ медиҳад Шаҳло Ғайбуллоева.
Аммо, бо хушбахтии бузурги ӯ, ба Меҳрона ҳанӯз дар дақиқаи аввали иҷрояш ҳамаи чор довари озмуни "Ту беҳтаринӣ!" "бале" гуфтанд.
"Ин ҷавобгӯи чизе ҳаст, охир? Бигзор дар баробари ӯ ҷавонони қавӣ ҳунарнамоӣ кунанд, ки таҳсилоти мувофиқу овозҳои пурқувват доранд, вале Меҳрона одати таслим шуданро надорад, ки ин ба ӯ афзалият мебахшад. Бале, ӯ хислати мураккабу фиребанда дорад, ва чунон ки шумо аллакай медонед, ҳама чиз дар муносибатҳои мо ҳамвор нест, аммо ман бо ӯ танҳо барои як сифаташ фахр мекунам: вай духтари мубориз аст ва ҳама чизеро, ки дар 17 солагияш ба даст овардаст, — натиҷаи заҳматҳои сангину пайвастаи ӯст. Ҳеҷ кас дар ин самт ба ӯ кумак накардааст", — таъкид мекунад холаи Меҳрона Ғайбуллоева.
Муносибатҳои холаву хоҳарзода дар Душанбе
Меҳрона таи ин чанд рӯз тавонист, ки ба маротиб аз холаи худ ба воситаи васоили ахбори омма бахшиш пурсад, аммо на ҳама медонистанд, ки гуноҳи ӯ дар чист. Ба гуфтаи холааш, гап сари он аст, ки Меҳрона мехост, ки дар ҳаёти шахсияш худаш тасмим бигирад.
"Вай чунин тасмим гирифт, ки бояд ҷудо аз ман зиндагӣ кунад. Бо хоҳараш аз хонаи мо баромада рафтанду дар яке аз ноҳияҳои Душанбе хонае иҷора гирифтанд. Вале аз тарафи дигар — дар хоҳиши шахси мустақил будан ҳеҷ гуноҳе нест. Зиёда аз ин, ман кайҳо ӯро бахшидаам. Охир модар наметавонад бадхоҳи фарзандаш бошад. Ман барои ӯ хеле дар ташвишам ва ҳатто рӯзе нест, ки ман барои беҳбудии ӯ дуо накунам", — эътироф мекунад Шаҳло Ғайбуллоева.
Дар истодагарӣ ва худдорӣ Меҳрона, аз рӯи гуфтаҳои холааш, ба модараш рафтааст. Хоҳари Шаҳло — Барно Ғайбуллоева — 10 сол пеш аз бемории вазнин фавтидааст. Ӯ ҳамин гуна инсон буд. Исрор — ин чизест, ки касби рӯзноманигорӣ талаб мекунад. Зан солҳои зиёд, мисли падараш, дар Студияи телевизиони давлатии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.
"Оилаи мо эҷодист, вале ҳеҷ кас то Меҳрона ба мусиқӣ сару кор надошт. Мо ҳамроҳи модари вай дар тааҷҷуб мемондем, замоне ки Меҳрона ҳанӯз пойҳои худро дуруст монда наметавонисту, ба назди гаҳвораи хоҳараш рафта, ӯро аллагӯӣ мекард. Вай чӣ тавр рақс мекард, замоне аз ҷое агар садои мусиқӣ меомад, — да ҳақиқат аҷоиб буд! Ҳанӯз модараш мегуфт, ки духтарашро барои таҳсил дар мактаби мусиқӣ мегузорад», — ба ёд меорад холаи Меҳрона.
Танҳо як шарт барои Меҳрона
Ӯ ҳанӯз намедонад, ки лоиҳаи "Ту беҳтаринӣ!" чӣ гуна ба итмом мерасад, зеро дар даври дуюм аз 56 ширкаткунанда, 36 нафарашон намегузаранд. Аз ин рӯ, ташвиш мекашад хола, мубориза хеле душвор хоҳад шуд.
"Аммо Меҳрона, бар акси ман, қалбашро аз даст намедиҳад. Вай дилпуру хӯшҳол аст. Мегӯяд, ки агар дар ин ҷо ғолиб нашавад, вай ҳатман дар озмӯни дигар ғолиб хоҳад шуд. Ӯ ҳадафи беҳтар шуданро дорад, ва аммо хоҳиш бошад, чунон ки мегӯянд, нисфи кор аст", — қайд мекунад хола.
Хонум бисёр умедвор аст, ки Меҳрона дар Русия макону мақоми худро меёбад. Агар бахт ба рӯи вай хандад, холааш омода аст, ки ҷиянашро то охир дастгирӣ намояд, вале танҳо бо як шарт: вай бояд худашро шарафмандона нишон диҳад, дар куҷое, ки набошад бояд шаъни духтари тоҷикро нигоҳ дорад, ба сӯҳбатҳои озоду рафтори сабукфикрона роҳ надиҳад. Дигар ба ҳамааш, боварибахшона мегӯяд Шаҳло Ғайбуллоева, вай дуои худро медиҳад.
Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдод, ки бе сарпарастии волидайн мондаанд, имкон медиҳад, ки аз худ хабар диҳанду саҳнаҳои бузурги оламро тасхир намоянд. Дар даври дуюми озмӯн кӯдакон ва наврасон аз Русия, Белорус, Молдава, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанӯбӣ ва Олмон ширкат меварзанд.