Парвина Саидова: бо Меҳрона ифтихор мекунам ва сурудеро барояш тӯҳфа карданиям

© FacebookПарвина Саидова, архивное фото
Парвина Саидова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зебосанами тоҷик Парвина Саидова ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ҳунарнамоии тавонои як духтари тоҷик дар озмуни байналмилалӣ ифтихор мекунад

Шанбеи гузашта намояндаи Тоҷикистон дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" бо муваффақият ҳунарнамоӣ кард ва ба давраи дигар роҳ ёфт.

Ҳунари ин духтари тоҷик, ки ҳакамонро тасхир кард, боиси дастгириии шаҳрандони Тоҷикистон ва ситораҳои тоҷик гаштааст.

Зебосанами тоҷик Парвина Саидова низ мегӯяд, баромади тоҷикдухтарро дар озмун пайгирӣ мекард.

Парвина Саидова: я желаю Мехроне удачи и хочу подарить ей свою песню

"Баромади Меҳрона ба ман хело писанд омад. Ӯ ҳам овози қавӣ дорад ва ҳам истеъдод дорад, афзун бар ин духтари зебоест. Вақте ки Меҳрона ба  Тоҷикистон меояд, ман ҳатман бо ва во мехӯрам. Мехоҳам суруди тозаеро, ки эҷод кардаам ба ӯ тӯҳфа намоям",- мегӯяд Парвина.

Ёдрас мешавем, Меҳрона Ғайбуллоева Тоҷикистонро дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" намояндагӣ мекунад.

Ин озмун аз 10 феврал тариқи шабакаи НТВ намоиш дода мешавад. Рӯзи 24 феврал навбати ҳунарнамоии Меҳрона низ расид ва ӯ ба саҳани калон баромад.

Ҳакамон гуфтанд, ӯ овози қавӣ дорад ва маълум аст, ки метавонад рақобатро дар ин озмун дар давраҳои дигар давом диҳад.

 

Лентаи хабарҳо
0