Тоҷикистониён дар моҳи март 14 рӯз истироҳат мекунанд

© Фото : Официальная страница президента РТ в FacebookДевочки на праздновании Навруза
Девочки на праздновании Навруза - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони кишвар дар моҳи март аз ҳисоби рӯзҳои истироҳатӣ ва ҷашнҳои Рӯзи модарон ва Наврӯз 14 рӯз истироҳат мекунанд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Тоҷикистониён дар моҳи март 14 рӯз истироҳат мекунанд. Мувофиқи қонунгузории кишвар "Дар бораи рӯзҳои истироҳатӣ", агар ҷашнҳои расмӣ ба рӯзҳои истироҳатӣ рост оянд, пас рӯзи ояндаи корӣ низ рӯзи истироҳатӣ эълон карда мешавад.

Масъалан, бо далели он ки дар Тоҷикистон то  рӯзи 24 март  таҷлили Наврӯз идома меёбад, имсол то 26 март рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Зеро рӯзҳои истироҳатӣ бо рӯзҳои ҷашн ҳамзамон мешаванд.

Расман эълон шудааст, ки ҳамасола  Тоҷикистон Наврӯзро 4 рӯз — аз 21 то 24 март ҷашн мегирад.

Ҳамин тавр, сокинони кишвар дар моҳи оянда 14 рӯз истироҳат мекунанд: 3, 4, 8, 10, 11, 17, 18, 21, 22, 23, 24, 25, 26 ва 31-уми  март.

Барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол 21 март дар шаҳри Панҷиканд баргузор мешаванд ва дар он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки дар чорчӯби Наврӯз дар шаҳри Панҷакент чандин сохтмон ва тарҳи иҷтимоъӣ ба баҳрабардорӣ расонда хоҳанд шуд.

Чунин барномаҳое 23 март дар шаҳри Бохтар ва дар 25 март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе низ бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дастур дода, ки Наврӯз дар ҳама ноҳияҳои пойтахт 21 март ҷашн гирифта шавад. Дар чорчӯби ин ҷашн шаҳрдории Душанбе мусобиқоти аспсаворӣ ва куштӣ баргузор мекунад.

Лентаи хабарҳо
0