Амрико аз таъсиргузории Русия бар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарон аст

© AP / Molly RileyГенерал армии США Джозеф Вотел. Архивное фото
Генерал армии США Джозеф Вотел. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тавонмандиҳои низомии Амрико барои нуфуз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар паи густариши таъсиргузории Русия бар онҳо камтар шудааст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Фармондеҳи Ситоди Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико артишбад Ҷозеф Вотел аз густариши асару таъсиргузории Русия бар кишварҳои Осиёи Марказӣ нохушнуд шудааст.

Гузориши 45-сафҳаии артишбад Вотел гувоҳ бар ин нохушнудии Амрико аз ин амр аст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки тавонмандиҳои низомии Амрико барои нуфуз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар паи густариши таъсиргузории Русия бар онҳо камтар шуда ва ин амр ҳамчунин барои таъмини ниёзмандиҳои низомиҳои НАТО дар Афғонистон халал мерасонад.

Бар асоси ин гузориш, бузургтарин таҳдидҳо барои Амрико Русия, Эрон ва Чин ҳастанд. Аз ин миён, Русия ягона кишваре шинохта шудааст, ки метавонад фармонравоии Амрико бар ҷаҳонро суст гардонад.

“Афзоиши шумори сомонаҳои мушакии Русия дар минтақа бар тавонмандии Амрико дар тасаллут бар ҳавову фазо таҳдид мекунад”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Генерал-лейтенант Теренс Мак Кенрик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Ситоди марказии Артиши Амрико ба Тоҷикистон омад

Вотел дар гузориш ҳамчунин аз шикасти “Давлати исломӣ” ёд карда, вале нақши Русия дар торумори ин гурӯҳи теруристӣ дар Сурияро нодида гирифтааст.

Вай Маскавро муттаҳам ба “ҳезумкашӣ” дар кашокаш миёни давлати Сурия ва мухолифонаш карда ва бар ин воқеъият чашм пӯшонда, ки Русия бо дархости давлати қонунии он кишвар ба он ёрӣ расондааст.

Дар вокуниш ба ин гузориш Владимир Евсеев, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи русии кишварҳои ҳамсуд гуфта, ки Амрико аз Ҷопон ва дигар кишварҳо барои густариши асару таъсиргузории худ бар кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода мекунад.

“Амрико бисёр кӯшиш дорад, ки бар он кишварҳо ва зерсохторҳои таробарӣ ва низомияшон даст ёбад”, — мегӯяд Евссев.

Вай таъкид карда, ки ҳузури низомии Амрико дар ҳар кишвару минтақае ҳамвора онҳоро ноором ва бесубот кардааст.

Аммо Иёлоти Муттаҳида барои дастёбӣ ба аҳдофашон аз ҳеч василае рӯйгардон нестанд, вале кумакҳои молие, ки ба кишварҳо пешниҳод мекунанд, ночиз ҳастанд, мегӯяд ин коршинос.

Лентаи хабарҳо
0