Намояндаи Ситоди марказии Артиши Амрико ба Тоҷикистон омад

© Фото : U.S. Central CommandГенерал-лейтенант Теренс Мак Кенрик, архивное фото
Генерал-лейтенант Теренс Мак Кенрик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини фармондеҳи нерӯҳои заминии Ситоди марказии Артиши Амрико сипаҳбад Теренс МакКенрик бо сафаре серӯза ба Душанбе омад

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ин фармондеҳи амрикоӣ 27 — 29 ноябр дар Тоҷикистон бо масъулини низомӣ ва дифоъӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Эҳтимол меравад, ки дар ин дидорҳо афзун бар масоили ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Амрико, ҳамчунин вазъ дар Афғонистон низ баррасӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрел фармондеҳи Ситоди Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико артишбад Ҷозеф Вотел ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Вай дар дидор бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вазъу дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико дар заминаҳои низомӣ ва саноъеи низомиро баррасӣ кард.

Ниҳодҳои низомии Тоҷикистон ва Амрико дар чорчӯби барномаҳои "Пуштибонии байналмилалии молӣ", "Ибтикори ҷаҳонии сулҳофарӣ", "Омӯзиши низомӣ", "Мубориза бо теруризми байнулмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир" ҳамкорӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0