ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз 19 то 24 феврал 19 ронандаи мастро дастгир карданд, иттилоъ медиҳад РВКД ҶТ дар пойхтахт.
Ҳамчунин дар ин ҳафта кормандони БДА шаҳри Душанбе 8 ронандаро барои ҳаракат бо шумораи сабти давлатии сохта ё бегона, 10 ронандаро барои ҳаракат бе шумораи сабти давлатӣ, 8 касро барои ҳаракат бе гувоҳиномаи ронандагӣ, 128 ронандаро барои тундравӣ дар роҳҳо ва 90 касро барои гуфтугӯ бо телефони ҳамроҳ ҳангоми ронандагӣ дастгир кардаанд.
Бино бар ин гузориш, куллан дар ин ҳафта дар шаҳри Душанбе 2 987 маврид шикастани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст.
Чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки қонунгузории ҳаракат дар роҳ ислоҳ шавад ва муҷозот барои ҳаракат бе гувоҳиномаи ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ ва тундравӣ дар роҳҳо ва худравсавории донишҷӯён ҳангоми омадан ба донишгоҳҳ ташдид шавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар тавзеҳи ин дастур гуфта буд, ки аз соли 2010 то кунун дар тасодуфҳои ронандагӣ 3300 кас ҷон бохта аст. дар ин чанд сол дар кишвар 7,5 милюн маврид шикастани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шуда ва аз қонуншиканҳо 173 милюн сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.