ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ронандае, ки дар шаҳри Душанбе ду кӯдакро зери чарх гирифта буд, дастгир шуд, гузориш медиҳад Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе.
Ба гузориши ин ниҳод, ин ронанда 22 феврал дар гузаргоҳе дар хиёбони Абай ду пиёдарави хурдсолро зер кардааст. Дар натиҷа Ҳамза Норови 10-сола ва Дилноза Нороваи 11-сола сахт захмӣ шуда ва дар роҳ ба бемористон ҷон бохтанд.
Кормандони милиса дар паи амалиёти бозҷуст ин ронандаро дастгир карданд. Вай Маъруф Шарифов ном дошта ва 25-сола аст.
Дар бозпурсӣ ҳамчунин ошкор шуда, ки вай кӯдаконро бо худраве зер гирифтааст, ки шумораи сабти давлатиаш аз худрави дигаре будааст. Вай ҳамчунин гувоҳиномаи ронандагӣ надоштааст.
Маъруф Шарифов ҳамакнун дар боздошт қарор дорад ва парвандааш такмил мешавад.
Бар асоси муқаррароти Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ронандагоне, ки ду ё бештар касро куштаву захмӣ карда бошанд, аз 5 то 10 сол зиндон мешаванд. Дар сурате, ки ронанда гувоҳинома надошта бошад, 10 то 15 сол аз умарашро дар зиндон ба сар хоҳад бурд.