Ширкати “Зарафшон” дар Панҷиканд кӯдакистону дабиристон месозад

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиВстреча и.о. председателя Согдийской области Раджаббоя Ахмадзода с генеральным директором СП "Зарафшон" Чан Хо Лин
Встреча и.о. председателя Согдийской области Раджаббоя Ахмадзода с генеральным директором СП Зарафшон Чан Хо Лин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати тоҷикиву чинии “Зарафшон” тааҳҳуд карда, ки то Наврӯз дар маркази шаҳри Панҷиканд як кӯдакистон барои 240 кӯдак ва як мактаб барои 640 донишомӯз ба баҳрабардорӣ мерасонад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ин ширкат ҳамчунин тааҳҳуд карда, ки 15 килуметр аз роҳҳои шаҳри Панҷикандро бозсозӣ хоҳад кард, иттилоъ медиҳад равобити умумии раёсати ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гузориши ин ниҳод, ин масоил дар дидори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири кулли ширкати муштараки “Зарафшон” Чан Хо Лин баррасӣ шудаанд, ки 23 феврал дар Хуҷанд баргузор шудааст.

Дар ин дидор мудири кулли ширкати муштараки “Зарафшон” тааҳҳуд карда, ки то ҷашни Наврӯз дар маркази шаҳри Панҷиканд як кӯдакистон барои 240 кӯдакро бо ҳазинаи 8,5 милюн сомонӣ ба баҳрабардорӣ хоҳанд расонд. Ҳамчунин ширкат тааҳҳуд карда, ки дар ин шаҳр 15 килуметр роҳро бозсозӣ карда ва як мактаб барои 640 шогирд хоҳад сохт.

Уроженцы Таджикистана празднуют Навруз в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯзи байналмилалӣ дар Панҷиканд таҷлил мешавад

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки ширкати “Зарафшон” дар соли 2017 “Зарафшон” беш аз 1 милёрду 300 милюн сомонӣ маҳсулот тавлид карда ва ҳамакнун дар он 2100 коргар кор мекунад.

Ширкат дар назар дорад дар соли 2018 хатти дувуми тавлидро роҳандозӣ кунад ва шумораи коргарон ва ҳаҷми тавлидашро афзоиш диҳад ва онро ба 1 милёрду 800 милюн сомонӣ расонад.

Лентаи хабарҳо
0