Наврӯзи байналмилалӣ дар Панҷиканд таҷлил мешавад

© Фото : Taimur & Nazir StudioУроженцы Таджикистана празднуют Навруз в Нью-Йорке
Уроженцы Таджикистана празднуют Навруз в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол тантанаҳои Наврӯзи вилоятӣ дар шаҳри бостонии Панҷиканд баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин росто қарор "Дар бораи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз" ба тасвиб расидааст.

Умед Ҷайҳонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Умед Ҷайҳонӣ: Наврӯз ҷашни оғози соли нави миллии тоҷикон аст

Тибқи қарори мазкур моҳи марти соли 2018 дар қаламрави вилоят ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил карда мешавад.

"Тантанаҳои вилоятии ин иди байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Панҷиканд баргузор хоҳад шуд", — омадааст дар хабарнома.

Дар асоси қарори мазкур раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва пурмазмун таҷлил кардани Иди байналмилалии Наврӯз тадбирҳо андешанд.

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.

Лентаи хабарҳо
0